Jump to content

Николай Миронов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Николай Миронов
Таърихи таваллуд 1919(1919)
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих

Миронов Николай Иванович (декабри 1919, вилояти Горкий — ?) — таърихнигор, номзади илмҳои таърих (1955), дотсент (1957), иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1937—1939 сохтмончӣ, 1939—1942 афсари Артиши Шӯравӣ, 1942—1945 донишҷӯи факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 1945—1946 ҳамчун ассистенти кафедраи асосҳои марксизм- ленинизми Донишкадаи индустриалии ш. Новосибирск, 1946 муҳаррири Комитети радиои назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, 1946 −1959 муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи асосҳои марксизм — ленинизми Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Аз соли 1959 дар кафедраи марксизм- ленинизми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин фаъолият дошт. Муаллифи 3 асар ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Оид ба масъалаҳои соҳаи пахтапарварии хоҷагии халқи Тоҷикистон дар панҷсолаҳои пеш аз ҷанг кори илмӣ бурдааст.

  • Компартия Таджикистана в борьбе за социалистическое преобразование сельского хозяйства и подъем хлопководства республики в годы довоенных пятилеток, Сталинабад, 1955.