Jump to content

Нисории Тунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нисории Тунӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1560
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Нисории Тунӣ (форсӣ: نثاری تونی‎; ?, Гунобод — 1560, Тун) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Гунободи Хуросон. Дар ҳамон ҷо хату савод бароварда, барои таҳсил ба шаҳри Тун рафт ва то охири ҳаёт он ҷо монд. Дар илми нуҷум ва ҳайат маҳорати том доштааст. Бештар рубоӣ, қитъа, муаммо ва маснавӣ гуфта, дар сарчашмаҳои адабӣ шоири «чарбзабон ва равшанбаён» ёд шудааст. Нисории Тунӣ шоири соҳибдевон буда, бо номи «Сарв ваТазарв» маснавие дорад. Дар эҷодиёти ӯ васфи ёр, хушиҳои ҳаёт ва шикоят аз замона мавқеи муҳим доранд.