Нишондиҳӣ барои шинохтан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нишондиҳӣ барои шинохтан - ҳаракати тафтишотиест, ки дар сурати мавҷуд будани зарурат муфаттиш метавонад барои шинохтани шахс ё предмет онҳоро ба шоҳид, шахси ҷабрдида, гумонбаршуда ё ба айбдоршаванда нишон диҳад. Шиносандагон пешакӣ дар бораи вазъияте, ки дар он шахс ё предметро мушоҳида кардаанд ва дар бораи нишона ва хусусиятҳое, ки аз рӯйи онҳо шинохта метавонанд, пурсида мешаванд. Шахсе, ки шинохта мешавад, ба шиносанда бо якҷоягии шахсони дигаре, ки аз рӯйи намуди зоҳириашон ба қадри имкон ба шинохташаванда монанд бошанд, нишон дода мешавад. Шумораи умумии шахсоне, ки барои шинохтан нишон дода мешаванд, бояд аз се нафар кам набошад. Ин қоида ба шинохтани ҷасади мурда низ дахл надорад. Пеш аз нишондиҳӣ ба шинохташаванда таклиф карда мешавад, ки байни шахсони ҳамроҳ ҳар ҷоеро, ки хоҳад, ишғол кунад ва ин дар протокол қайд карда мешавад. Агар нишон додани худи шахс имконнопазир бошад, аз рӯи сураташ, якҷоя бо на камтар аз се сурати дигар шиносонидан мумкин аст. Предмет бо гурӯҳи предметҳои якҷинса нишон дода мешавад. Агар шиносанда шоҳид ё шахси ҷабрдида бошад, онҳо пеш аз амали шинохтан огоҳ карда мешаванд, ки барои саркашӣ кардан аз додани баёнот ё дидаю дониста додани баёноти бардурӯғ ҷавобгар хоҳанд шуд, ки дар ин бора ба протокол навишта мешавад. Ба шиносанда таклиф карда мешавад, ки шахс ё предметро, ки дар бораи он шаҳодат додааст, нишон диҳад. Саволҳои водоркунанда додан мумкин нест. Агар шиносанда яке аз одамон ё яке аз предметҳои нишон додашударо ишора кунад, ба вай таклиф карда мешавад, ки фаҳмонда диҳад: ӯ ҳамин шахс ё предметро аз рӯйи кадом нишонаҳо ё хусусиятҳояш шинохтааст. Шахс ё предмет барои шинохтан дар ҳузури одамони холис нишон дода мешавад.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 347-348