Нишоти Исфаҳонӣ
Таърихи таваллуд: | 1761 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1828 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, шоир, сиёсатмадор, хушнавис, корманди давлатӣ |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Сайид Абдулваҳҳоб Нишоти Исфаҳонӣ (форсӣ: سیّدعبدالوهاب نشاطِ اصفهانی; 1761, Исфаҳон — 1828) — сиёсатмадор, шоир ва хушнависи форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Айёми кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоиаш дар зодгоҳаш гузаштааст. Ба забон ва адабиёти форси дилбастагӣ дошт ва дар ин ду фан дониши кофӣ андӯхт. Забонҳои арабӣ ва туркиро ҳам ба хубӣ аз худ намуд; дар илмҳои мантиқ, риёзӣ ва улуми динӣ аз саромадони вақт шуд. Нишони Исфаҳонӣ дар санъати ҳаттотӣ низ устоди чирадаст ба шумор мерафт. Нишони Исфаҳонӣ дабир, муншӣ, сарпарасти девони расоили Фатҳалишоҳи Коҷор буда, ба лақаби «Мӯътамадуддавла» соҳиб шудааст.
Нишоти Исфаҳонӣ дар соҳаи шеъру адаб хидмати зиёде кардааст. Бо ташаббуси ӯ «Анҷумани адабии бозгашт» пас аз Муштоқи Исфаҳонӣ дубора ба кор шурӯъ намуд. Мақсади ин «Анҷумани адабӣ» аз байн бурдани услуби душворписанди ҳинди (сабки Ҳинди) ва бозгашт ба тарзу услуби шуарои мутақаддим буд. Аҳли илму адаб ҳафтае як бор дар манзили шоир ҷамъ омада, дар боби шеъру адаб суҳбату баҳсҳо меоростанд.
Нишоти Исфаҳонӣ дар вақти зиндагӣ осори худро фароҳам накардааст. Пас аз вафоташ асарҳои ӯро яке аз адибони он замон дар китобе бо унвони «Ганҷина» тартиб ва танзим сохт. «Ганҷина»-и Нишони Исфаҳони аз панҷ қисм иборат аст: 1) дебочаҳо, хутбаҳо, вақфномаҳо ва аҳдномаҳо, 2) мадеҳаҳо, қаболаҳо, қасоид ва қитъаот; 3) номаҳо ва фармонҳо; 4) номаҳо ба шоҳ ва шоҳзодагон; 5) шеърҳо, қитъаоти адабӣ ва ҳикоёти ахлоқӣ.
Нишоти Исфаҳонӣ дар аксари навъҳои шеър асар эҷод кардааст. Дар ғазал маҳорат ва қудрати бештаре зоҳир карда, дар ин соҳа мӯътақиди Саъдӣ ва Ҳофиз буд. Ду асари ҳаҷман хурди мансур дар пайравии «Гулистон»-и Саъдӣ аз ӯ боқӣ мондааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Нишоти Исфаҳонӣ // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).