Ниёзбӯй (райҳони кӯҳӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ниёзбӯй, райҳони кӯҳӣ – (лот. Melissa officinalis), (русӣ: Мелисса лекарственная). Растании доруворӣ. Дар илми тиб зиёда аз 2000 ҳазор сол истифода бурда мешавад. Ниёзбӯ алафи бисёррсола буда, бӯи хоси лимонро дорад.

Тавсиф ва сифат[вироиш | вироиши манбаъ]

Решаи он дарозиаш то 30 см буда, ранги сафедчатоб ё ки ранги ҷигарии пастро дорад. Сутунавдаи (пояи) он чоркунҷаи рост истодаи навданок буда, дар сутунаш мўякчаҳои майда вуҷуд дорад. Пояи - ниёзбӯй аз 30 то 120 см мешавад. Баргҳои - ниёзбӯй мутақобил рупарӯи якдигар (супротивные) ҷойгир шуда, аз 3 то 8,5 см дарозї доранд ва паҳниашон 2-4см мешавад. Лабҳои паҳанаки барг реза-реза, яъне аррашакл мебошад. Гулҳои – ниёзбӯй ранги сафед, ё ки камтар сурхчатоб буда, майда- майдаи аз 3-10 то дар бехи думчаи барг аз бандпоя мерўянд. Тухми – ниёзбӯй аз 4-то тухмчаи дарозрӯи эллепсишакли 3-паллаи буда, рангашон аз ҷигарии паст то ҷигарии баланд мебошанд. Хаҷми онҳо аз 1,8-2 мм дар дарозӣ ва 0,7-мм дар паҳнӣ мебошанд. Вазни 1000 дона тухми ниёзбӯй – 0,5-0,7 г. – ро ташкил медиҳад.

Макон[вироиш | вироиши манбаъ]

Ниёзбӯй моҳҳои июн-июл гул мекунад ва моҳҳои июл-август мева яъне тухмӣ медиҳад. Ниёзбӯй бисёртар дар ҷойҳои намноку, соядор вомехӯрад. Ниёзбӯйро дар вақти ҷаъм овардан пояи онро аз замин дар баландии 10см боло мечинанд. ҷаъмовариро дар вақти гулкунии рустанӣ мегузаронанд ва онро дар ҷои соя ё ки дар хушккунакҳо хушк мекунанд.

Сифати доругӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ашёи тайёр - ин навдаҳои ҷавон бо баргҳояш ва гулҳояш мебошад. Ниёзбўйро одамон аз даври қадим ҳамчун дору барои кори дилро мӯътадил кардан истифода мебурданд, яъне ниёзбӯй ба одамоне, ки касалиҳои дил доранд фоидаи хело ҳам калон мерасонад, инчунин дар тибби қадим халқҳои Осиёи Миёна ниёзбӯйро барои қувват додани кори дил, барои камхунӣ, барои мӯътадил кардани системаи ҳазмкунии организми одам, барои мустаҳкам намудани кори асаб ва бисёр касалиҳои дигар истифода мебурданд.

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сатторов Ҷ.С. Растаниҳои доруворӣ. Курси мухтасари лексия аз фанни «Растаниҳои доруворӣ». – Душанбе, 2007