Jump to content

Безурётӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ноборварӣ)
Безурётӣ
ИхтисосМезроҳпизишкӣ, reproductive endocrinology and infertility, obstetrics and gynaecology Edit this on Wikidata
Безурётӣ
МКБ-10 N4646., N97.097.0
МКБ-9 606606, 628628
DiseasesDB 21627
MedlinePlus 001191
eMedicine med/3535  Шаблон:EMedicine2
MeSH D007246

Безуриётӣ, бенаслӣ (лот. Sterilitas) — фарзанд ба дунё оварда натавонистан.

Безурётии мардону занон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Безурётӣ ҳам дар занҳо ва ҳам дар мардҳо мушоҳида мешавад.

Безурётии мардҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нақси модарзоди узвҳои таносул ва ноҷӯриҳои гуногуне, ки бо газак ё осеби узвҳои пешобу таносул вобаста аст, боиси безурётии мардҳо мегардад. Безурётӣ дар мардҳо аз набудани нутфа дар манӣ ё қобилияти бордоркунӣ надоштани он (яъне нутфа), дар натиҷаи заҳролудӣ аз шароб, сурб ва фосфор, ҳамчунин зери таъсири омилҳои номатлуб (афканишоти иондор, садамаи рӯҳӣ, гуруснагӣ ва ғайра) низ ба вуҷуд меояд. Дар мардҳо хусусан олигозооспермия (нутфа дар таркиби манӣ аз миқдори зарурӣ кам — дар 1 мл камтар аз 20 млн ташаккул меёбад) бештар ба мушоҳида мерасад. Сабаби ин ҳолат бисёр вақтҳо илтиҳоби хоя ва васеу дароз шудани танобаки манӣ (ниг. Варикоселе) аст.

Яке аз сабабҳои дигари ҷиддии безурётии мардҳо азооспермия (дар таркиби нузола — эякулят умуман вуҷуд надоштани нутфа) мебошад. Азооспермия ҳақиқӣ ва дурӯғин мешавад. Ҳангоми азооспермияи ҳақиқӣ нутфа умуман ташаккул намеёбад. Дар мавриди азооспермияи дурӯғин дар хоя нутфа ҳосил мешавад, вале он бинобар баста будани маҷрои манӣ (мас., дар натиҷаи ягон осеб) ба нузола роҳ намеёбад. Бисёр мардон бинобар астеноспермия (суст будани ҳаракати нутфа), некроспермия (қобили ҳаёт набудани нутфа) ва тератоспермия (халал ёфтани сохтори нутфа) фарзанд ба дунё овардан наметавонанд. Асперматизм (ҳангоми мубошарат рух надодани инзол) низ метавонад боиси безурётӣ гардад.

Безурётии занон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Безурётии занон бо бемориҳои илтиҳобии бачадон ва зоидҳои он, аз ҷумла сӯзок, сил (хосса сили узвҳои таносул), ихтилоли кори ғадудҳои усораи дохилӣ (тухмдон, ғадуди сипаршакл, ғадуди болои гурда) ва силсилаи асабҳои марказӣ (дар натиҷаи бемориҳои сироятӣ, хусусан дар давраи расидан ба балоғати ҷинсӣ), инчунин инкишофи номукаммали узвҳои таносул — инфантилизм зич алоқаманд аст. Дар натиҷаи газак аксар вақт тухмроҳа баста шуда, нутфа то ҳуҷайратухм рафта намерасад. Ҳангоми иллати тухмдон аз он ҳуҷайратухм ҷудо намешавад ва дар натиҷа гормонҳои таносул (фолликулин ва прогестерон) низ рушд намекунанд. Дар мавриди таъхири сабзиш (инфантилизм) луобпардаи бачадон тунук ва ба таъсири гормонҳои тухмдон ноҳассос аст. Аз ин сабаб вай тухми бордорро қабул кардан наметавонад. Агар зан ҳангоми инфантилизм ҳомила шавад, ин гуна ҳомилагиро қатъ кардан лозим нест, зеро исқот ба фаъолияти тухмдон халал ворид сохта, ба луобпардаи бачадон зиён мерасонад ва оқибат боиси безурётӣ мегардад.

Табобати безурётӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар аснои безурётӣ ҳам зан ва ҳам шавҳар бояд аз муоинаи духтури андролог, урогинеколог гузаранд, чунки дар 5,7 дарсади мавридҳо безурётӣ ба организми мард, тақр. дар 60 дарсад ба организми зан ва дар 28,4 фисад бо организми ҳам зан ва ҳам мард вобаста аст. Самараи муолиҷаи безурётӣ барои занҳои то 25-сола нисбат ба занҳои аз 35-сола боло қариб ду баробар зиёд аст. Безурётиро дар осоишгоҳҳо, ҳамчунин бо роҳи физиотерапия дармон мебахшанд. Дар баъзе ҳолатҳо тухмроҳаро бо ҷарроҳӣ табобат мекунанд.

Пешгирӣ ва муолиҷа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пешгирии безурётӣ аз сари вақт муолиҷа кардани илтиҳоби узвҳои таносул, роҳ надодан ба исқот, хусусан исқоти ғайриқонунӣ, риоя намудани қоидаҳои беҳдошти шахсӣ вобаста аст. Муолиҷаи дандонҳо низ баҳри пешгирии ихтилоли фаъолияти ғадудҳо аҳаммияти зиёд дорад.

  • Порудоминский И. М. Бесплодия ӯ мужчин. Л., 1964;
  • Мазлей Е. П. Клиника и терапия бесплодия женщины. Л., 1965;
  • Қодирӣ Т. Р. Ҳаёти ҷинсӣ. Д., 1991.