Jump to content

Номаи аъмол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Номаи аъмол (китоби аъмол ва рафтори одамӣ, корномаи зиндагӣ ва санади сабти аъмоли ҳар инсон) — китоб ва ё парвандае, ки фариштагони муваккал неку бади ҳар касро дар он нависанд ва дар рӯзи бозхости аъмол онро барояш арза доранд.

Бар асоси гузоришоти қуръонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бино ба фармудаи Қуръон, ҳеч хурду бузурге аз аъмоли одамӣ фурӯгузор нагардад, магар ҳама ба василаи фариштагони масъули назорати корномаи ҳаёти инсон дар номаи аъмолаш сабт гарданд. «Ва китоб номаи аъмоли бандагон (дар он рӯз) ниҳода шавад, пас муҷримонро аз он чи дар он аст, дар ҳавфу ҳарос бинӣ ва мегӯянд: Эй вой бар мо, ин чигуна китобест, ки ҳеч хурду бузургеро фурӯгузор накарда, магар ҳамаро баршумурдааст ва амалкардаҳои худро ҳо¬зир ёбанд ва Парвардгорат касеро зулм накунад»[1].

وَوُضِعَ الْكِتَابُ فَتَرَى الْمُجْرِمِينَ مُشْفِقِينَ مِمَّا فِيهِ وَيَقُولُونَ يَا وَيْلَتَنَا مَالِ هَذَا الْكِتَابِ لَا يُغَادِرُ صَغِيرَةً وَلَا كَبِيرَةً إِلَّا أَحْصَاهَا وَوَجَدُوا مَا عَمِلُوا حَاضِرًا وَلَا يَظْلِمُ رَبُّكَ أَحَدًا  ‎ 

Бар асоси гузоришоти қуръонӣ дар рӯзи қиёмат мардум пас аз ҳисоб ва бозхости аъмолашон барои супоридани номаи аъмол ба гурӯҳҳо ҷудо мешаванд. Ҳар кӣ паллаи некиҳояш дар барк¬аши аъмол вазнинтар ояд, номаи аъмолаш ба нишонаи ифтихор бо дасти росташ ба ӯ дода мешавад ва дар таъбироти қуръонӣ ба онҳо асҳоби ямин гуфта мешавад. «Аммо касе, ки номаи аъмолаш ба дасти росташ ба ӯ дода шавад, гӯяд: Биёед, китоби маро бихонед! Ман воқеан ҳам, яқин доштам, ки ба ҳисоби худ хоҳам расид. Пас вай дар зиндагии хуше дар биҳишти барин бошад»[2].

فَأَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ بِيَمِينِهِ فَيَقُولُ هَاؤُمُ اقْرَءُوا كِتَابِيَهْ  إِنِّي ظَنَنْتُ أَنِّي مُلَاقٍ حِسَابِيَهْ  فَهُوَ فِي عِيشَةٍ رَاضِيَةٍ  فِي جَنَّةٍ عَالِيَةٍ  ‎ 

Ва онҳоро, ки номаи аъмолашон ба дасти чапашон ба онҳо дода мешавад, асҳоби шимол хонанд. «Ва аммо он касе, ки номаи аъмолаш ба дасти чапаш ба вай дода шавад, гӯяд: Эй кош, китобам ба ман дода намешуд ва намедонистам, ки ҳисобам чист!? Эй кош, он (марг) поёни кор мешуд!»[3].

وَأَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ بِشِمَالِهِ فَيَقُولُ يَا لَيْتَنِي لَمْ أُوتَ كِتَابِيَهْ  وَلَمْ أَدْرِ مَا حِسَابِيَهْ  يَا لَيْتَهَا كَانَتِ الْقَاضِيَةَ  ‎ 

Гурӯҳи сеюме низ дар он рӯз вуҷуд дорад, ки номаи аъмола-шон аз пушташон ба онҳо дода мешавад, ки онҳо ҳам як бахше аз асҳоби шимол ба ҳисоб меоянд. «Ва аммо касе, ки номаи аъмо-лаш аз пушташ ба вай дода шавад, пас зуд аст, ки (барои худ) марг ва нобудӣ мехоҳад ва ба оташ медарояд»[4].

وَأَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ وَرَاءَ ظَهْرِهِ  ‎ 

Парвандаи аъмол ва корномаи зиндагии онҳое, ки аз дунё беимон мераванд, дар рӯзи қиёмат пас аз анҷоми бозхости аъмол ба нишонаи сарафкандагӣ ва тавҳин ба дасти чап ва ё аз пушташон ба онҳо дода мешавад ва ба ҷойгоҳи абадии хеш дар дӯзах бурда мешаванд.

«Ва асҳоби шимол, чӣ касонеанд асҳоби шимол? (Онҳо) дар (зери) боди тафсон ва оби сӯзон ва сояе аз дуди сиёҳ ҷой гиранд, ки на сард ва на хуш аст»[5].

وَأَصْحَابُ الشِّمَالِ مَا أَصْحَابُ الشِّمَالِ  فِي سَمُومٍ وَحَمِيمٍ  وَظِلٍّ مِنْ يَحْمُومٍ  لَا بَارِدٍ وَلَا كَرِيمٍ  ‎ 

Ин гурӯҳ аз кофирони сархуш, такзибкунандагони рӯзи ҷазо, мухолифони паёмҳои дини Худо ва умуман аз онҳое иборатанд, ки ба ҳеч ар-зиши динӣ ва меъёрҳои ахлоқие бовар ва пойбандӣ надоранд.

«Зеро онҳо пеш аз ин сархуш буданд ва бар гуноҳи бузург (ширк ва куфр) исрор меварзиданд ва мегуфтанд, ки оё пас аз он ки бимирем ва хоку устухон гардем, боз ҳам мо барангехташудаем!? …»[6].

إِنَّهُمْ كَانُوا قَبْلَ ذَلِكَ مُتْرَفِينَ  وَكَانُوا يُصِرُّونَ عَلَى الْحِنْثِ الْعَظِيمِ  وَكَانُوا يَقُولُونَ أَئِذَا مِتْنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَامًا أَئِنَّا لَمَبْعُوثُونَ  ‎ 

«Чӣ чизе шуморо ба Сақар бурд? Гӯянд: Аз намозгузорон набудем ва мискину бенаворо таом намедодем ва бо фурӯравандагон (дар корҳои беҳуда) фурӯ мерафтем ва рӯзи ҷазоро такзиб мекар¬дем (ва ба он бовар надоштем)»[7].

مَا سَلَكَكُمْ فِي سَقَرَ  قَالُوا لَمْ نَكُ مِنَ الْمُصَلِّينَ  وَلَمْ نَكُ نُطْعِمُ الْمِسْكِينَ  وَكُنَّا نَخُوضُ مَعَ الْخَائِضِينَ  وَكُنَّا نُكَذِّبُ بِيَوْمِ الدِّينِ  ‎ 
Рӯзе, ки зери хок тани мо ниҳон шавад,
В-онҳо, ки кардаем, якояк аён шавад.
Ё Раб, ба фазли хеш бибахшой бандаро,
Он дам, ки озими сафари он ҷаҳон шавад!
То рӯзи растахез, ки аснофи халқро,
Танҳо зи баҳри арз қарини равон шавад.
Аз гуфтану шунидану аз кардаҳои бад
Дар мавқифи муҳосаба як-як аён шавад.

Баркашии аъмоли ҳар уммат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба ҳангоми баркаши аъмол ҳар уммате ба зону нишаста, мун¬тазири дарёфти номаи аъмоли хеш бошад ва ҳар уммате барои қабзи парвандаи худ фаро хонда ва ба онҳо гуфта шавад: «Имрӯз подоши он чи анҷом медодед, ба шумо дода мешавад!»[8].

وَتَرَى كُلَّ أُمَّةٍ جَاثِيَةً كُلُّ أُمَّةٍ تُدْعَى إِلَى كِتَابِهَا الْيَوْمَ تُجْزَوْنَ مَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ  ‎ 

Вақте пас аз вазни аъмол корномаи зиндагии ҳар кас ба вай супорида мешавад, Худо ба онҳо мегӯяд: «Ин китоб — номаи Мо аст, ки бо ҳақ бар шумо сухан мегӯяд, Мо бегумон он чиро анҷом медодед, бознависӣ мекардем!»[9].

هَذَا كِتَابُنَا يَنْطِقُ عَلَيْكُمْ بِالْحَقِّ إِنَّا كُنَّا نَسْتَنْسِخُ مَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ  ‎ 

Бо марги шахс номаи аъмолаш пӯшида ва дигар чизе аз номи вай ба он афзуда намешавад, магар ин ки пас аз худ суннат роҳу равиш, илму андеша, ҳидояту гумроҳӣ ва амалҳое бар ҷой гузошта бошад, агар бад бошанд, дар номаи аъмолаш бадӣ ва гуноҳ ва агар нек бошанд, дар он ба сурати некӣ ва ҳасанот афзуда мешаванд. Дар ҳадисе омада: «Вақте одамӣ бимирад, амалаш аз вай канда ва қатъ мегардад, магар аз се чиз: садақаи ҷория, илме, ки аз он нафъ бурда шавад ва фарзанди солеҳе, ки барояш дуо кунад»[10]. Дар ҳадиси дигаре омада: «Касе суннати неке дар ислом боқӣ гузорад ва пас аз вай ба он амал карда шавад, барои вай ҳам аҷри худаш ва ҳам ба мисли аҷри тамоми касоне, ки ба он амал кардаанд, дода мешавад ва аз аҷри онҳо чизе коста намегардад ва касе (пас аз худ) суннати баде дар ислом боқӣ гузорад ва ба он амал карда шавад, ба вай ҳам гуноҳи худаш ва ҳам ба мисли гуноҳи тамоми касоне, ки ба он амал кардаанд, дода мешавад ва аз гуноҳи онҳо низ чизе коста намегардад, ва дар ривояте: касе ба сӯи ҳидоят ва роҳи росте даъват намояд… ва касе ба сӯи гумроҳӣ даъват намояд…» омадааст[11].

Ҳаводиси рӯзи қиёмат дар мардум чандон таъсир кунанд, ки ҳама бехуд бошанд ва аз касе ёд накунанд. «Залзалаи (рӯзи) қиёмат чизе азим аст, рӯзе, ки онро бинед, ҳар ширдеҳе аз ширдодаи худ беёд ва мадҳуш бошад ва ҳар бордоре ҳамли худро бигузорад ва мардумро маст (гаранг) бинӣ ва онҳо маст набошанд, валекин азоби Худо сахт аст»[12]. Дар ҳадиси мурсале аз расули Худо (с) омадааст, ки «дар се мавзеъ касе ба касе илтифот накунад, аввал, ба ҳангоми баркаши аъмол, то бидонад, ки тарозуи некиҳояш сабук меояд ё сангин, дуюм, ба ҳангоми пош хӯрдани саҳифаҳо ва супорида шудани номаи аъмол, то бидонад, ки номааш чӣ тавр — ба дасти рост, чап ва ё аз пушт ба вай дода мешавад ва сеюм, вақте Пули Сирот бар рӯи дӯзах ниҳода мешавад, то аз он бигузарад»[13][14].

  1. Каҳф, 18: 49
  2. Ҳоққа, 69: 19-22
  3. Ҳоққа, 69: 25-27
  4. Иншиқоқ, 84: 10
  5. Воқиа, 56: 41-44
  6. Воқиа, 56: 45-47
  7. Муддассир, 74: 42-46
  8. Ҷосия, 45: 28
  9. Ҷосия, 45: 29
  10. С. М., 4199 (1631)-14
  11. С. М., 2348 (1017)-69, 6741-44 (1017)-15, 6745 (2674)-16
  12. Ҳаҷ, 22: 1-2
  13. С. А., 4755
  14. М-к. Ҳ., 8722