Jump to content

Номии Исфаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Номии Исфаҳонӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1789
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Мирзо Муҳаммадсодиқ Мусавии Исфаҳонӣ (форсӣ: میرزا سید محمدصادق موسوی اصفهانی‎) маъруф ба Номии Исфаҳонӣ (форсӣ: نامی اصفهانی‎; Исфаҳон1789) — шоир ва таърихнигори форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҷдоди Номии Исфаҳонӣ аз Шероз буда, дар замони ҳукмронии Сафавиён ба Исфаҳон омадаанд. Номии Исфаҳонӣ мувофиқи маълумо­ти тазкираҳо дар ҷавонӣ «машқи иншо карда, дар назму наср вуқуфе ҳосил» менамояд. Дар Шероз ба хидмати дарбори Каримхони Занд (1750—1979) омада, ба таълифи асаре доир ба таърихи давлати Зандия бо номи «Таърихи гетикушо» шурӯъ меку­над, вале ин асарро ба итмом нарасондааст.

Аз Номии Исфаҳонӣ девони ашъор, панҷ маснавии дар тақлиди «Хамса» навишташуда, ду «Соқинома» ва ҳамон «Таърихи гетикушо» мерос мондаанд. «Хамса»-и Номии Исфаҳонӣ ё «Номаи Номӣ» аз панҷ достон — «Хисраву Ширин», «Маҷнуну Лайлӣ», «Дурҷи гуҳар», «Вомиқу Узро», «Юсуфу Зулайхо» иборат аст. «Соқинома»-ҳояш дар охири «Дурҷи гуҳар» ва «Вомиқу Узро» омадаанд. Дастнависи маснавиёти Номии Исфаҳонӣ дар китобхонаҳои мамлакатҳои гуногуни Шарқу Ғарб маҳфузанд. «Таърихи гетикушо»-ро соли 1938 Саид Нафисӣ дар Теҳрон ба табъ расондааст.

  • Асадуллоев С., «Лайли и Меджнун» в фарсиязычной литературе (Биобиблиографический обаор). Д., 1981.