Jump to content

Носиралии Сирҳиндӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Носиралии Сирҳиндӣ
Таърихи таваллуд: 1637
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 29 март 1697(1697-03-29)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Носиралии Сирҳиндӣ (форсӣ: ناصر علی سرهندی‎; 1637, Fatehgarh Sahib[d], Patiala division[d]29 март 1697, Деҳлӣ) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Сирҳинд таваллуд шуда дар ҳамон ҷо маълумоти ибтидоӣ гирифтааст. Аз Носиралии Сирҳиндӣ девони ғазалиёту рубоиёт боқӣ мондааст. Маснавии «Маноҳар ва мадҳомалат» ва манзумаҳое дорад, ки дар онҳо музофоти мухталифи Ҳинд ва урфу одати мардуми он тасвир ёфтаанд. Носиралии Сирҳиндӣ дар сабки ҳиндӣ устод буд ва эҷодиёти ӯ ба Бедилу Сархуш барин суханварон таъсир расондааст.

  • Носиралии Сарҳиндӣ // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).