Носируддин Муҳаммади Самарқандӣ
Носируддин Муҳаммади Самарқандӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | фақеҳ |
Таърихи даргузашт: | 1162 |
Маҳалли даргузашт: | |
Вироиши Викидода |
Носируддин Муҳаммади Самарқандӣ (?, Самарқанд — тақр. 1162, ҳамон ҷо) — донишманд ва фақеҳи ҳанафии форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввал дар зодгоҳаш маълумот гирифта, баъд дар Бухоро таҳсил кардааст. Аксари мамлакатҳои шарқи исломиро дидааст. Носируддин Муҳаммади Самарқандӣ фиқҳ, калом, мантиқ, сарфу наҳв, риёзиёт, забону адабиёти араб, фалсафа ва ғайраро аз худ менамояд.
Мероси илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мероси илмии ӯ инҳоанд: «ан-Номеъу-л-кабир» (1153) — маҷмӯи фатвоҳо; «Мултақити Носирӣ» («Баргузидаи Носирӣ» мухтасари китоби номбурда"борат аз 40 боб); «Китобу-л-мулта-қитфи-л-фатовои-л-ҳанафия»; («Китоби фатвоҳои баргузида доир ба мазҳаби ҳанафия»); «Китобу-л-фиқҳу-н-нофеъ» («Китоби муфид дар фиқҳ»); «Китобу-л-эҳдод» («Китоби ҳақиқат»); «Китобу-л-мансур фӣ фурӯъи-л-ҳанафия» («Китоби насрӣ доир ба шохаҳои ҳанафия»); «Китоби хулосата-л-муфтӣ фӣ фурӯъ» («Китоби хулосаҳои муфтӣ доир ба шохаҳо»).
Ҳамаи асарҳои Носируддин Муҳаммади Самарқандӣ барои омӯхтан ва муайян кардани таърихи фиқҳи исломӣ аҳамият доранд. Аксар китобҳои Носидуддин Муҳаммад Самарқандӣ дар захираи дастнависҳои Институти шарқшиносии АИ Узбекистон маҳфузанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Носируддин Муҳаммади Самарқандӣ // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).