Нотаи вербалӣ
Нотаи вербалӣ (лот. verbalis — шифоҳӣ, лот. notas — ёддошт) — дар қоида ва меъёрҳои дипломатӣ ҳуҷҷатест, ки бояд бо диққати махсус қабул карда шавад. Дар амалияи фаъолияти дипломатии муосир ин навъи ёддошт за ҳама бештар истифода карда мешавад ва тавассути он мубодилаи доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои байналмилаӣ анҷом мепазирад. Ҳуҷҷати асосӣ, ки ба тариқӣ сафорат ва вазорати корҳои хориҷии кишвари мизбон, сафорат мукотибаи дипломатӣ мебарад.
Муқаррарот
[вироиш | вироиши манбаъ]Нотаҳои вербалӣ, ҳамчун ҳуҷҷати дипломатӣ машҳур буда барои ҳалли масъалаҳо дар доираи проблемаҳо ба кор бурда мешавад. Масалан, пешаки муқаррар кардани изҳор ё баёни вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-технологӣ ва дигар проблемаҳои дуҷониба ва ё хосияти бисёрҷонибаро низ дорост. Инчунин, барои дархости раводид (виза), расонидани хабари пешомад барои иштироки хидматчиёни сафоратҳо, хабардор кардани иттилооти хусусияти намояндагон, масалан, ташкил кардани сайёҳати ҳайати дипломатӣ дар кишвар, барои даъват кардани дипломатон ба чорабиниҳои мухталиф.
Сохтори ҳуҷҷат
[вироиш | вироиши манбаъ]Нотаи вербалӣ шурӯъ мешавад бо номи пурраи фиристанда ва қабулкунанда, инчунин бо лутфи дипломатӣ оғоз ёфта, ҳамчунин бо лутф анҷом мепазирад, Масалан, «Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Сафорати Ҷумҳурии... изҳор намуда, шарафёб аст иттилоъ диҳад, ки...». Агар ҳуҷҷати тартибдода ҷавоби қаблан фиристода бошад, шурӯъаш каме иваз мешавад, масалан ин тавр: «Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Сафорати Ҷумҳурии... изҳор намуда, дар робита ба ёддошти №... аз (рӯз, моҳ, сол), шарафёб аст иттилоъ диҳад, ки...».
Хусусияти фарқкунандаи тартиботи таҳияи чунин ёддошт аз он иборат аст, ки вай аз номи шахси севум таҳия карда мешавад, дар бланки ёддоштҳои вербалӣ чоп карда мешавад, рақами судур гузошта мешавад, имзо карда намешавад, дар хотимаи ёддошт муҳр зада мешавад, дар кунҷи тарафи чапи поёнии саҳифаи аввал нишона ва таърихи ирсол чоп карда мешаванд.