Ноҳамоҳангии шинохтӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ноҳамоҳангии шинохтӣ ( ба англисӣ :cognitive dissonance ) тазоди байни боварҳову нигаришҳои мутафовит дар зеҳни як шахс аст ё тазоду носозгории миёни бовари шахс ва ончӣ воқеист.[1] Одатан, зеҳн барои бартараф кардан чунин тазодҳо ва эҳсоси нохушоянди баромада аз онҳо дучори хатоҳои идрокӣ (сӯгириҳои шинохтӣ ) мешавад .

Ба гуфтаи Леон Фестингер, равоншиноси иҷтимоӣ, он чунин таъриф шудааст: "Эҳсоси андӯҳу нороҳатии ҳосил аз таъорузи миёни ду шинохти мутафовит (боварҳо,нигаришҳо) ё рафтору нигариш". Ҳар андоза шинохтҳои мавриди назари муҳиму тафовути онҳо аз якдигар бештар бошад, ноҳамоҳангӣ ҳам бузургтар хоҳад буд. Дар баробари ин, назарияи мазкур дар соҳаи равоншиносии иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст.

Дар асоси назарияи ноҳамоҳангӣ, ду унсур аз огоҳӣ дар робитае ноҳамоҳанг қарор доранд, агар бо дар назар гирифтан ин ду унсур ба танҳоӣ, мушоҳидаи як унсур аз унсури дигар пайравӣ кунад. Мисли дигар назарияҳои ноҳамоҳангӣ, дар ин назарияи эътиқод бар ин аст ки ноҳамоҳангӣ ки аз ҷиҳати равонишинохтӣ нороҳаткунанда аст, шахсро ба кӯшиш барои коҳиши ноҳамоҳангӣ ва ҳусули ҳамоҳангии бармеангезад ва илова бар кӯшиш барои коҳиши ноҳамоҳангӣ, шахс фаъолона аз мавқеъиятҳо ва иттилооте ки эҳтимол дорад ноҳамоҳангиро афзоиш диҳанд, мепарҳезад .

Дар достони «Рӯбоҳ ва ангур» навиштаи Эзоп дар ҳудӯди 600 қабл аз мелод низ метавон ин ноҳамоҳангии шинохтиро мушоҳида кард. «Рӯбоҳии гурусна ба токистоне мерасад, ки ангурҳои он дар иртифоъии боло овезон ҳастанд. Бо вуҷуди инки рӯбоҳ талош зиёде мекунад ва бо тамоми тавон ба боло мепарад дасташ ба ангурҳо намерасад . Саранҷоми дар ҳоле ки бо ноумедӣ ба роҳаш идома медиҳад бо худ мегӯяд : ин ангурҳо норасида ва турш ҳастанд ва ман ҳам ангӯри туршро дӯст надорам.»

Дар ин достон бовари рӯбоҳ ин аст, ки ба роҳатӣ метавонад ангурҳоро ба даст биоварад, аммо воқеият инаст ки тавонои анҷоми онро надорад. Тазоду носозгории байни бовари ӯ аз тавонои худашу воқеияте ки ошкори нотавонӣ ӯро нишон медиҳад ноҳамоҳангии шинохтӣ ном дорад. Рӯбоҳ барои ҳали ин тазоду эҳсоси нохушоянди он даст ба фиреби худ (сӯгирии шинохтӣ ) мезанад. [2]

Коҳиши ноҳамоҳангӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Назарияи ноҳамоҳангии шинохтӣ бар ин асл, ки афрод ба дунболи созгорӣ байни интизороти худу воқеият худ ҳастанд, поярезӣ шудааст. Леон Фестингер дар таърифи назарияи ноҳамоҳангӣ шинохтӣ мегӯяд, ки афроди ронае барои коҳиш ноҳамоҳангӣ доранд. Онҳо ин корро бо тағйир дар гароишҳо, эътиқодҳо ва кунишҳояшон анҷом медиҳанд. [3]

Дар як маврид ба унвони мисол, фарде тасмим ба нахурдан ғизоҳои пурчарб гирифта, аммо ҳанӯз ширинии дунот (пончики) ( ширинӣ бидӯни қанд) бо чарбӣ боло мехӯрд. Бар пояи ин назария, ки аз бонуфӯзтарину пурбаррасишудатарин назарияҳо дар равонишиносӣ иҷтимоӣ мебошад, чаҳор равиши коҳиши таниши зеҳнӣ дар ин ноҳамоҳангӣ иборатанд аз :

  1. Тағйир дар рафтор ё шинохт("Ман дигар ин донутро намехӯрам")
  2. Тавҷиҳи рафтор ё шинохт тавассути тағйирот дар шинохти мутаъориз ("Ман худамро фиреб медиҳам")
  3. Тавҷиҳи рафтор ё шинохт тавассути изофа кардани шинохти нав ("Ман имрӯз дар бошгоҳ 30 дақиқаи дигар мемонам, то ин шириниро сӯзонам")
  4. Инкор ё нодида гирифтани ҳама гуна маълумот дар бораи шинохти мутазод ("Ин пончик ё ширинӣ бидуни шакар аст, пас бо чарбуи боло нест")

Ноҳамоҳангӣ дар фарҳангҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳамаи ҷои дунё мо метавонем ноҳамоҳангиро мушоҳида кунем, аммо ноҳамоҳангӣ ҳамеша як шакли воҳид надорад ва мумкин аст баста ба фарҳангҳои мухталиф шакли он тағйир кунад. Барои мисол дар ҷавомеъ «ҷамъгаро» ки ниёзҳои гуруҳ бар ниёзҳои афрод арҷаҳият дорад дар муқоиса бо ҷавомеъ «фардгаро», рафтори коҳиши ноҳамоҳангӣ равоҷи камтаре дорад дар ин ҷавомеъи ҳадафи ҳифзи ҳамоҳангӣ гуруҳ аст ва мо камтар мушоҳида мекунем, ки фарде бихоҳад рафтори шахсии худро тавҷеҳ кунад балки ноҳамоҳангии замонӣ иттифоқ меуфтад, ки рафторашони муҷиби ноумедӣ ва шармсории соири афрод мешавад.

Исботи хештан[вироиш | вироиши манбаъ]

Исботи хештан дар заминаи назарияи ноҳамоҳангӣ, аз роҳе барои коҳиши ноҳамоҳангӣ аз тариқ ба ёд овардани як ё чанд вижагии мусбати худ иборат мебошад.

Ноҳамоҳангӣ пас аз тасмимгирӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ноҳамоҳангӣ пас аз тасмимгирӣ иборат аст аз ноҳамоҳангии ношӣ аз тасмимгирӣ ки одатан бо афзоиш додани ҷаззобияти гузинаи мунтахаб ва камаҳамияти ҷилва додани гузинаҳои мардуд, коҳиш меёбад.

Пажӯҳишҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар соли 1959 Леон Фестингер ҳамкоронаши озмоишӣ барои нишон додани ноҳамоҳангии шинохтӣ анҷом доданд . Онҳо ширкаткунандагон дар озмоишро ба ду гуруҳ тақсим карданд ва аз онҳо хостанд, то корӣ бисёр хастакунандаро ба муддати як соъат анҷом диҳанду баъд аз он  барои афроди дигар ба дурӯғ дар бора кору лаззатбахш будан он таъриф кунанд . Ба ширкаткунандагон гуруҳи аввали бобати ин кори 1 доллар доданд ва ба ширкаткунандагон гуруҳи дувуми 20 доллар. Дар интиҳо аз ширкат кунандагон хостанд мизони ризояташон аз ин кори як соъатаро баён кунанд. Натиҷаи инки гуруҳи аввал ки фақат як доллар гирифта буданд ризояти бештаре аз корро сабт карданд . Ба назар мерасад ки афроди гуруҳи дувум ки 20 доллар гирифта буданд ниёзе ба тавҷеҳи чизе надоштанд онҳо кории касолатбор карданд ва дар бораи он дурӯғ гуфтанд ва 20 доллари ҳам ба даст овараданд . Муомилае нисбатани хуб . Аммо барои ширкаткунандагон гуруҳи дувуми пазириши инки барои чунин коре фақат як доллар гирифта буданд боиси ноҳамоҳангӣ шинохтӣ мешавад ва дар натиҷа барои бартараф кардан он даст ба худфиребӣ мезананд.. [4] [5]

Таҷриба метавонад дар баробари интизор қарор бигирад, барои мисол, дар пушаймонии харидор баъд аз хариди як чизи гарони қимат. Дар ҳолати ноҳамоҳангии афрод мумкинаст эҳсоси шигифте, тарс, гуноҳ, хашм ё хиҷолатро таҷриба кунанд . Афрод бидуни тавваҷуҳ ба вуҷуди шавоҳиде алайҳи ин фикр дучори сӯгирӣ мешаванд, ки фикр кунанд интихобашон дуруст бӯдааст, ин сӯгирӣ ба назарияи ноҳамоҳангӣ,қудрати пишгўёнаашро медиҳад, ки рафторҳои вайронгару ғайри мантиқиро равшан кунад, ки дар набуди ин назария бисёр гиҷкунанда буданд.

Дар соли 2012, пажӯҳиш бо истифода аз нусхаи парадигмаи бозичаҳои мамнӯъ нишон дод, ки гӯш кардани мусиқӣ густариши ноҳамоҳангии шинохтиро ба шиддат коҳиш медиҳад. [6]

Ҷусторҳои вобаста[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашмаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. https://www.psycom.net/cognitive-dissonance
  2. کتاب هنر شفاف اندیشیدن نوشته رولف دوبلی فصل 50 دروغ‌های شیرین کوچک - ناهماهنگی شناختی
  3. Festinger, L. (1957).
  4. https://www.simplypsychology.org/cognitive-dissonance.html#dec
  5. کتاب هنر شفاف اندیشیدن نوشته رولف دوبلی فصل ۵۰ دروغ‌های شیرین کوچک - ناهماهنگی شناختی
  6. Masataka (2012). «Music can reduce cognitive dissonance». Nature 2. doi:10.1038/srep00694.