Jump to content

Ноҳияи Олой

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ноҳияи Олой
қирғ. Алай району
Кишвар  Қирғизистон
Тобеъи Вилояти Ӯш
Шомили 14 деҳистон (ҷамоти деҳот)
Маркази маъмурӣ деҳаи Гулча
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1928
Масоҳат
  • 6 821 км²
Вақти минтақавӣ UTC+6:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 72 110 нафар (2007)
Миллият 99% қирғизҳо
Мазҳаб мусулмонон
Ноҳияи Олой дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Олой (қирғ. Алай району) — воҳиди маъмурӣ дар вилояти Ӯши Қирғизистон. Маркази ноҳия — деҳаи Гулча (қирғ. Гүлчө).

Соли 1928 райони Олой-Гулча ташкил карда шуд. Соли 1936 ба 2 ноҳия — Олой ва Чон-Олой тақсим шуд. 23 июли соли 1958 ҳарду ноҳия дубора бо номи ноҳияи Олой муттаҳид карда шуданд [2] . 29 октябри соли 1958 ноҳияи Гулча ба ноҳияи Олой ҳамроҳ карда шуд [3] .

Соли 1992 баъди эълони истиқлолияти Қирғизистон он дубора ба 2 ноҳия – Олойи шарқӣ ва Чон-Олой (Ғарбӣ) тақсим шуд.

Рӯзи 5 октябри соли 2008 дар наздикии рустои Нура заминларзаи 8 дараҷаӣ рух дод, ки бар асари он 75 нафар, аз ҷумла 42 кӯдак кушта шуданд.

Масоҳати ноҳия 7582 км² буда, 26% масоҳати умумии вилояти Ӯшро ташкил медиҳад.

Ноҳияи Олой дар ду водӣ — Олой ва Гулча воқеъ аст. Дар ҳудуди ноҳия, дар марз бо Чин, гузаргоҳи "Иркештам-Автодорожный" ҷойгир аст.

Мувофиқи маълумоти барӯйхатгирии умумииттифоқии аҳолӣ [4] дар соли 1989 дар ҳудуди ноҳияи Олой (аз ҷумла ноҳияи Чон-Олой, ки солҳои 1959—1992 ба ҳайати он дохил буд) 66858 нафар зиндагӣ мекард. Дар соли 2007 аҳолии ноҳия — 72110 нафар, аз ҷумла қирғизҳо 71901 нафар ё 99,6% буданд.

Тақсимоти маъмурӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ноҳия 14 деҳистонро (ҷамоати деҳотро) дар бар мегирад, ки дар онҳо 65 маҳалли аҳолинишини деҳот ҷойгир аст[5]:

  1. Деҳистони Олойи ба номи К. Белекбоев: д. Сӯфӣ-Қӯрғон (марказ), Аскалӣ, Ҷиргатол, Колдук, Таргалак, Терак, Чий-Тала;
  2. Деҳистони Будалик: д. Қаро-Сув (марказ), Қайнама, Тамга-Терак, Қум-Шоро, Октябр, Ӯро-Теппа;
  3. Деҳистони Булӯлу: д. Қӯшулуш (марказ), Кичик-Булӯлу, Кӯл-Чатӣ, Чон-Булӯлу;
  4. Деҳистони Гулча: д. Гулча (марказ), Қаро-Булоқ, Ҷили-Сув, Тош-Короо, Чакмак, Курмаҷон Датка;
  5. Деҳистони Ҷошолу: д. Янги-Турмуш (марказ), Аюу-Тапан, Коммунизм, Ленин-Юл, Мияздӣ, Ӯрта-Сув, Осоавиахим, Қаро-Токту;
  6. Деҳистони Конур-Теппа: д. Бӯз-Қараган (марказ), Ҷар-Қишлоқ, Қаро-Шоро, Арпа-Тектир, Қизил-Ӯй;
  7. Деҳистони Кабилан-Кӯл: д. Кабилан-Кӯл (марказ), Кунгуй, Қаро-Ҷиғач, Курулуш;
  8. Деҳистони Корул: д. Тоғуз-Булоқ (марказ), Кен-Ҷилға, Якуми май, Арал;
  9. Деҳистони ба номи Ленин: д. Сугунду (марказ), Гагарин, Кун-Элек, Мурдаш;
  10. Деҳистони Толдӣ-Сув: д. Толдӣ-Сув (марказ), Арча-Булоқ, Кӯк-Булоқ, Кургак, Сари-Муғул;
  11. Деҳистони Сари-Муғул: д. Сари-Муғул (марказ);
  12. Деҳистони Уч-Теппа: д. Кичик-Қарокӯл (марказ), Оқ-Босого, Оқ-Ҷой, Геҷиге, Қизил-Олой, Чон-Қарокӯл;
  13. Деҳистони Янги-Олой: д. Янги-Олой (марказ), Янги-Ариқ;
  14. Деҳистони Сари-Тош: д. Сари-Тош (марказ), Кӯк-Сув, Нура;