Jump to content

Нуралӣ Валиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нуралӣ Умарович Валиев (тав. 14. 07. 1956, шаҳри Кӯлоб) — адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ (1990), дотсент (2000).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1977–1982 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб таҳсил намуда онро хатм кардааст. Солҳои 1982–1984 ассистенти кафедраи адабиёти рус ва хориҷии донишкадаи номбурда, 1985–1988 аспиранти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, 1990–2000 муаллими калон, 2000–2003 дотсенти кафедраи адабиёти рус ва хориҷии Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб буд. Солҳои 2003–2009 дар вазифаи декани факултети забон ва адабиёти руси донишгоҳи номбурда кор кардааст. Аз соли 2009 то имрӯз дотсенти кафедраи адабиёти рус ва ҷаҳони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣмебошад. Муаллифи 25 асару мақолаҳои илмӣ ва илмиву таълимӣ мебошад. Дар таълифотҳои худ масъалаҳои робитаи адабии русиву тоҷикӣ ва дигар масъалаҳои адабиётшиносиро матраҳ кардааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2006) сарфароз карда шудааст.

  • Литература народов СССР (Методическое пособие для студентов 5 курса педагогических университетов), Д., 1990;
  • В. Маяковский ва А. Лоҳутӣ // дар кит. А. Лоҳутӣ ва назми револютсионӣ, Д., 1988;
  • Переводы произведений Н.В. Гоголя на таджикский язык // В кн.: Русская литература и Восток, Д., 2007;
  • Лев Толстой и Восток // В кн.: Запад и Восток, Д., 2009.