Нурии органикӣ
Зоҳир
Нуриҳои органикӣ (аз калимаи организм) — моддаҳое мебошанд, ки дар натиҷаи фаъолияти ҳаётии рустаниҳо ва ҳайвонот, инчунин дар натиҷаи пӯсиши боқимондаҳои нобудшудаи онҳо ба вуҷуд меоянд. Чунончи, торф, порухок, пору, саргини паррандагон ва ғайраҳо, дар таркибашон тамоми моддаҳои ғизоии ба рустанӣ зарурро доранд. Ин моддаҳои органикӣ танҳо пас аз он ки бо таъсири микроорганизмҳо пӯсида ба моддаҳои маъданӣ табдил меёбанд, барои рустанӣ ҳамчун ғизо хидмат мекунанд. Яке аз нуриҳои маъмултарини органикӣ - пору мебошад. Дар пору моддаҳое мавҷуданд, ки дар таркибашон нитроген, фосфор ва калий барин элементҳои барои ҳаёти рустаниҳо зарурбударо доранд.