Нурхон Гадоев
Нурхон Гадоев | |
Таърихи таваллуд | 15 декабр 1947 (76 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Шамсиддин Шоҳин |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Кӯлоб |
Нурхон Гадоев (тав. 15.12.1947, деҳаи Порвори ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) — забоншинос, доктори илмҳои филологӣ (2019).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1966–1970 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Кӯлоб таҳсил намудааст. Солҳои 1972– 1991 муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи № 16 ноҳияи Москва (имрӯза Ҳамадонӣ), 1991–2001 муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи ноҳияи Шӯробод, 2002–2006 муаллими омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 52 ва мактаби таҳсилоти умумии № 27 Душанбе, 2006–2008 ассистент ва муаллими калони кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, 2008–2010 муаллими калони кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода буд. Аз соли 2010 то кунун дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии ДДОТ ба номи С. Айнӣ. Дар мавзуи “Лексикаи лаҳҷаи Тагнов» (2009) рисолаи номзадӣ ва зери унвони “Хусусиятҳои луғавию семантикӣ ва сохтории воҳидҳои фразеологӣ дар лаҳҷаҳои ҷанубии забони тоҷикӣ (минтақаи Кулоб) « (2019) рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Ба Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст (1988).
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баъзе хусусиятҳои лексикаи феъл дар лаҳҷаи Тагнов // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ», 2006, № 6;
- Истилоҳоти хешутаборӣ дар лаҳҷаи Тагнов // Маърифати омӯзгор, Д., 2007, №2;
- Диалектизмҳои лексикии пурра дар лаҳҷаи Тагнов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2007, №2, (34);
- Роҳҳои пайдоиши омонимҳо дар лаҳҷаи Тагнов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2007, №5, (37);
- Баъзе хусусиятҳои лексикаи зарф дар лаҳҷаи Тагнов // Гулзори сухан (Маҷмӯаи илмӣ), Д., 2010.
- Таҳлили луғавию семантикии матн (китоби дарсӣ барои донишҷўёни риштаи филологӣ). Д., 2016;
- Услубшиносӣ (китоби дарсӣ барои донишҷўёни риштаи филологӣ). Д., 2017;
- Баъзе хусусиятҳои воҳидҳои фразеологӣ дар лаҳҷаи ҷанубии Кулоб. Д., 2017.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 15 декабр
- Зодагони соли 1947
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
- Докторони илм
- Олимон аз рӯи алифбо
- Докторони улуми филология
- Филологони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ