Jump to content

Обзо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳидроген-элемент дар даври якум ва дар зергурӯҳи асосии гуруҳи якуми системаи давраии элементҳои кимиёвӣ. Аломаташ H, рақами тартибиаш 1,гази беранг, бебӯй ва бемаза.


Ҳидроген (H)



|ном тоҷикӣ = обзо |аломат = H |рақами атомӣ = 2 |массаи атомӣ = 1,00797 |электроманфигият = 2,2 |дараҷаи оксидшавӣ = -1,+1 |қабату қишрҳо = 1s1 |изотоп = H1 H2 H3 |радиуси ковалентӣ = 0.32 A |радиуси атом = 0,79 A |ҳаҷми атом = 14,4 см^3/мол |ҳарорати ҷӯшиш = 252,87°C |ҳарорати моеъшавӣ = 255,34°C |зичӣ = 8,988E-5 г/см^3 |ранг = нест |намуд = ғайриметал |сохти кристалӣ = ҳексагоналӣ |кашфкунанда = Ҳенри Кавендиш (с.1766 Англисистон) }}

Маълумоти таърихӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

ҳидроген (лотинӣ.Hydrogenium аз юнонӣ hydor-об ва gennao-мезоам) соли 1766 аз тарафи олими инглис Ҳенри Кавендиш кашф гардид. Соли 1783 Лавуазе ҳидрогенро аз об ҳосил кард ва исбод кард, ки об аз ҳидроген ва оксиген таркиб ёфтааст.

Ҳидроген дар шакли озод дар табиат бисёр ҳам кам во мехӯрад. Вай агар чи дар шакли озод кам бошад ҳам, дар таркиби бисёре аз пайвастагиҳои химиявӣ ва ҳамаи растаниҳову ҳайвонот во мехӯрад. Аз нуҳ як ҳиссаи обро ташкил медиҳад. 1%-и массаи қишри замин (17% -и атомҳо) ро ташкил медиҳад. Дар коинот бошад паҳншудатарин элемент мебошад. Муҳити байниситорагиву абрҳои газӣ ва аз нисф зиёди массаи офтоб ва дигар ситораҳоро ташкил медихад.

Хосиятҳои физикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳидроген-гази беранг, бебӯй ва бемаза аст. Дар ҳарорати -255,34°C моеъ шуда дар -252,87°C меҷушад. Массаи нисбии атомиаш 1,00797 в.м.а. Сабуктарин газ буда 1 литри он ба 0,09 г баробар аст.

Хосиятҳои кимёвӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳидрогенеро аз рӯи хосиятҳои кимёвиаш ба гурӯҳи махсус ҷудо мекунанд, ки ин ба сохти электрониаш вобаста аст. Ҳидроген ҳамчун металҳои ишқорӣ электронхояшро медихад

ҳилроген ҳамчун ҳалогенхо метавонад як электронро ба худ пайваст кунад

  • [[Конверсия дар техникаи кимиёвӣ бо буғҳои об таҳти ҳарорати 1000 °C:
  • гузаронидани буғҳои об аз қабати кокси тафсон таҳти ҳарорати 1000 °C:
  • [[Электролизи маҳлулҳои обии намакҳо:
  • [[оксонидани метан(гази табиӣ) ё дигар карбоҳидрогенҳо:

дар лаборатория

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • аз таъсири металҳо бо кислотаҳо:
  • таъсири калсифй бо об:
  • хидролиз ё таъсири об бо намакхо:
  • электролизи об
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Обзо дорад