Обтарозу

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Обтарозу бо ду ампул

Обтарозу — абзорест барои тафтиши уфуқии хатҳою сатҳҳо ва чен кардани кунҷҳои хурд.

Қисми асо­сии обтарозу ампулаи шишагиест, ки аз спирт ё эфир пур шудааст ва ҳубобчаи газ дорад.

Обтарозу ҷузъи муҳимми асбобу афзори геодезӣ, астрономӣ, фи­зикӣ ва ғайра мебошад ва барои нивелиронӣ, муайян кардани кунҷҳои тамоюли меҳварҳои уфуқӣ, ба ҳи­соб гирифтани тағйири кунҷҳои байни меҳвари амудӣ ва хати басират уфуқӣ будани асоси обтарозу ҳубобчаи газ дар мобайни ампула ҷой мегирад.

Барои дар як вақт тафтиш кардани уфуқии ду ҳамвории ба ҳамамуд обтарозуеро истифода мебаранд, ки ду ампула дорад. Дар мошинсозй обтарозуҳои челонгарӣ ва ченкунанда исти­фода мешаванд.

Эзоҳ[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.