Озге Гӯрел

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Озге Гӯрел
тур. Özge Can Gürel
Ном ба ҳангоми таваллуд: Özge Gürel
Таърихи таваллуд: 5 феврал 1987(1987-02-05) (37 сол)
Зодгоҳ: Истанбул, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
овозхон
Корнома: 2010-то ҳол
Самт: синамо
телевизион
IMDb: ID 6221099

Озге Гӯрел (тур. Özge Gürel, тав. 5 феврали 1987; Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи телевизион, синамо ва сарояндаи турк.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Озге Гӯрел 5 феврали соли 1987 дар Истанбул таваллуд шудааст[1]. Падари ӯ адигӣ ва модараш турк мебошанд[2][3]. Ӯ то хатми мактаби миёна дар Силиврии Туркия зиндагӣ мекард. Гӯрел дар шуъбаи тиҷорати Донишгоҳи Бейкент таҳсил кардааст, аммо онро ба итмом нарасонд. Пас аз он ӯ дарсҳои актерӣ аз худ кард[4].

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ фаъолияти ҳунарии худро бо нақши Зайнаб дар силсилафилми «Духтари ман куҷост?» (Kızım Nerede?), ки дар шабакаи "atv" бо Эҷе Услу, Бурак Ҳаққӣ оғоз намудааст. Баъдтар ӯ дар силсилафилмҳои Huzur Sokağı ва Muhteşem Yüzyıl нақшҳои хурдро бозидааст. Соли 2014, ӯ дар силсилафилми Medcezir нақши Адаро бо Чағатой Ӯлусой ва Серенай Сарикая бозидааст. Соли 2014, ӯ нақши асосӣ дар силсилафилми Kiraz Mevsimi даъват шуд, ки нақши Ойкю Асарро хело хуб бозид. Ҳамҷуфти ӯро Серкан Чайоғлу бозидааст.

Соли 2016 клипи суруди Гӯрел Affet сабт шуд. Соли 2017, ӯ нақши марказиро дар силсилафилми Yıldızlar Şahidim бозидааст. Сипас дар силсилафилми Dolunay нақши Назли Пинарро дар ҳамҷуфтӣ бо Ҷон Яман бозид. Соли 2018, ӯ ҳамчун ҳунарманди меҳмон дар силсилафилми "Börü" ва филми "Börü" баромад намудааст. Дар солҳои 2018-2019, ӯ дар силсилафилми "Muhteşem İkili" бо нақши "Нилуфар Ҷон" бо ҳунарпешагони маъруф Иброҳим Челиккол, Карим Бурсин ва Ойкю Караел ҳунарнамоӣ намудааст. Соли 2019, он чеҳраи таблиғи бренди бо номи Penti шуд, ки дар Италия сабт шудааст. Соли 2020, ӯ боз ҳамроҳи ситораи собиқи худ Ҷон Яман дар силсилафилми FOX Ҷаноби иштибоҳ, нақши Эзгӣ Иналро бозид[5][6].

Ҳаёти шахсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

То соли 2014, Озге бо писаре бо номи Озгур Орун робита дошт. Аз соли 2014, ӯ бо ҳунарпеша Серкан Чайоғлу мулоқот карда, бо ӯ дар силсилафилми Kiraz Mevsimi нақш бастааст. Аммо онҳо муносибатҳои худро муддати тӯлонӣ пинҳон карданд[7]. Мувофиқи овозаҳо, ҷуфт соли 2016, пас аз анҷоми силсилафилм, барҳам хӯрдааст. Аммо моҳи сентябри соли 2016, пас аз занги Серкан, онҳо оштӣ шуданд[8]. Аз моҳи сентябри соли 2016, онҳо муносибатҳои худро пинҳон намедоранд.

Дӯстони наздики Озге ҳунарпешаҳо Фотима Топташ, Барқ Ҷонкат, Ниҳол Ишиксахан, Демет Оздамир мебошанд.

Филмнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Филм
Сол Номгӯй Нақш Шарҳ
2014 Bizum Hoca Карделен
2017 Organik Aşk Hikayeleri Демет Нақши марказӣ
2017 İlk Öpücük Баҳор Нақши марказӣ
2018 Börü Гокча Дамир Нақши дуюмдараҷа
2019 Annem Назли Нақши марказӣ
2020 Kar Kırmızı Тозагул Нақши марказӣ
Силсилафилм
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2010–2011 Kızım Nerede Зайнаб Нақши марказӣ
2012 Huzur Sokağı Мелиса Меҳмон
2014 Muhteşem Yüzyıl Раъно Хотун Меҳмон
2014 Medcezir Ада Меҳмон
2014–2015 Kiraz Mevsimi Ойкю Аҷар Динчар Нақши марказӣ
2017 Yıldızlar Şahidim Ҳазиран Нақши марказӣ
2017 Dolunay Назли Нақши марказӣ
2018 Börü Гокча Дамир Меҳмон
2018–2019 Muhteşem İkili Нилуфар Нақши марказӣ
2020 Ҷаноби иштибоҳ Эзгӣ Инал Нақши марказӣ

Сурудҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол Суруд Албом
2014 Kiraz Mevsimi  
Kahramanımsın Kiraz Mevsimi (Саундтрек)
2015 Bir Bahar Akşamı  
2016 Affet 12 Kalp
2017 Ateşböceği Yıldızlar Şahidim (Саундтрек)

Видеомузикҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол Суруд Албом
2015 Мерт Корал - İstanbul Beni Bırak Laterna
2015 Айдилга, Волкан Акмеҳмет - Kiraz Mevsimi Kiraz Mevsimi (Саундтрек)
2016 Озге Гӯрел - Affet 12 Kalp

Мукофотҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷоиза ва ҷоизаҳо
Сол Мукофотҳо Категория Силсилафилм — Филм Натиҷа
2015 Yeditepe Üniversitesi 3.Dilek Ödülleri| Мукофоти сеюми Донишгоҳи Йедитепа Беҳтарин ҳунарпешаи сол Kiraz Mevsimi Баранда
Ҷоизаи Seul Drama Беҳтарин ҳунарпеша Kiraz Mevsimi Номзад
Ҷоизаи Future Fest Беҳтарин баромади ситора Kiraz Mevsimi Баранда
MGD 21. Ҷоизаи Altın Objektif Беҳтарин ҳунарпешаи ҳаҷви сол Kiraz Mevsimi Баранда
42. Pantene Ҷоизаи Altın Kelebek Зеботарин ҷуфт (Ойкю Аяз) Kiraz Mevsimi Номзад
2016 1. Ҷоизаи YBU Medya Беҳтарин ҳунарпешаи телевизион Kiraz Mevsimi Номзад
2018 45. Pantene Ҷоизаи Altın Kelebek Беҳтарин ҳунарпешаи румонтикии ҳаҷв Dolunay Номзад
2019 Ҷоизаи Latina Turkish Беҳтарин ҳунарпешаи дуюмдараҷа Kızım Nerede Баранда

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Феҳристи ҳунарпешазанҳои Туркия

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ozge Gurel Kimdir. CNN Türk (18 January 2015). 8 марти 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 марти 2016.
  2. It's not red lipstick or heeled shoe we call sexapel, it's demeanor.(тур.).
  3. Annem Selanik göçmeni ev hanımı, babam Çerkes.. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 августи 2017.
  4. 'Serkan Cayoglu Ozge Gurel. Hürriyet (25 December 2014). 8 марти 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 марти 2016.
  5. Haley Can Yaman and Özge Gürel to reunite in "Bay Yanlış"(англ.). dizilah.com.
  6. FOX | Özge Gürel kimdir? Bay Yanlış dizisinin Ezgi İnal karakteri(тур.). www.fox.com.tr. 25 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 июни 2020.
  7. [1](пайванди дастнорас) Serkan Çayoğlu ve Özge Gürel sevgili mi?
  8. [2](пайванди дастнорас) Serkan Çayoğlu ile Özge Gürel 1 yıl sonra barıştı.

Иқтибосҳо[вироиш | вироиши манбаъ]