Озмунҳои мусиқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Озмунҳои мусиқӣ, ё Конкурсҳои мусиқӣ — мусобиқаи ромишгарон ва коллективҳои мусиқӣ, ки дар асоси шартҳои қаблан эълоншуда сурат мегиранд.

Мусобиқаҳои бадеӣ дар Юнони Қадим маъмул будаанд ва ба онҳо аз рӯи сифати асар ва маҳорати иҷрокунандагӣ баҳо медоданд. Тақрибан с. 590 то м. рамзи мусобиқаю бозиҳо дар Делфт пайдо шуд, ки дар қатори шоирону навозандагон, навозандагони кифара ва авлос қувваозмоӣ мекарданд. Ғолибон бо тоҷи ифтихор (чанбаре, ки аз барги дарахти ғор сохта мешуд) сарфароз гардида, номи «дафнофар» (дорандаи тоҷи ифтихор)-ро мегирифтанд. Дар давраи Эҳё мусобиқаи мусиқинавозон дар равияи импровизатсия дар навохтани созҳои мухталиф – арғунун, клавесин ва баъдҳо фортепиано, скрипка маъмул гардид, ки дар он навозандагони машҳур иштирок мекарданд (И. С. Бах, Ф. Ҳендел, А. Скарлатти, В. Мотсарт ва диг.). Тарзи имрӯзаи озмунҳои мусиқӣ. дар садаи XIX ба вуҷуд омадааст. Аз соли 1803 ҳар сол дар Париж барои асарҳои беҳтарин (кантата, операи якпардавӣ) ҷоизаи римро тақдим мекунад. Композиторон Ф. Галевӣ, Г. Берлиоз, Ж. Бизе, Ж. Масснэ, К. Дебюсси ва дигарон сазовори ин ҷоиза гардиданд. Яке аз аввалин Озмунҳои мусиқии байналхалқӣ, соли 1856 дар Брюссел бо ташаббуси гитаранавози рус Н.П. Макаров барпо гардид, ки дар он композиторони 31 мамлакат ширкат варзидаанд. Ох. солҳои 50 ва авв. 60 дар Бразилия, ИМА, Канада, Уругвай ва Ҷопон як қатор Озмунҳои мусиқӣ гузаронида шуданд. Таъсиси Озмунҳои мусиқӣи байналхалқии ба номи П.И. Чайковский (1958, Москва) дар инкишофи мусиқӣ марҳилаи нав буд. С. 1957 дар Женева бо мақсади инкишоф додан ва беҳтар намудани озмунҳои мусиқӣ Федератсияи конкурсҳои байналмилалӣ таъсис ёфт ва аз соли 1971 Иттифоқи Шӯравӣ дар он иштирок мекунад. Бузургтарин Озмунҳои мусиқии байналмилалӣ дар Австралия, Белгия, Булғория, РДГ, Италия, ИҶШС гузаштаанд.

Озмунҳо дар Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тоҷикистон низ чунин Озмунҳои мусиқӣ аз соли 1946 баргузор мегарданд. Аввалин озмунҳои мусиқӣ барои беҳтарин суруди комсомолӣ сурат гирифт (1946), ки ғолиби он композитор З. Шаҳидӣ соҳиби ҷоизаи аввал шуд («Ифтихори мо», шаҳри Х. Обидӣ). Ҳамон сол Озмуни ҷумҳуриявии овозхонони эстрада баргузор шуд, ки дар он Ш. Муллоҷонова, А. Носирова, С. Саъдиев ғолиб омада, барои иштирок дар Озмуни II умумииттифоқӣ ҳуқуқ пайдо карданд. С. 1947 озмуни ҷумҳуриявӣ барои беҳтарин суруди муосири тоҷик барпо гашт, ки дар он композиторон А. Ҳамдамов (суруди «Тоҷикистон»), Л. Бирнов («Ҷононаи бахтиёри ман»), М. Муъминов («Корвон мегузарад») ва дигарон соҳиби ҷоиза гардиданд. С. 1950 бо ташабуси ИК Тоҷикистон Озмуни суруди муосири тоҷик барои дастаҳои ҳаваскор гузаронида шуд. Дар ҷумҳурӣ ба муносибати 60-солаги ҶШС Тоҷикистон, 40-солагии Ғалаба ва дигарон ҷашнҳои фархунда озмунҳои ҷумҳуриявии тарона ва рақс, маҳфилҳои драмавӣ, дискотека, созу овоз ва ғ. гузаронида шудаанд. Соли 1985 Озмуни навозандагони мактабҳои мусиқӣ ва соли 1986 Озмуни якуми ҷумҳуриявии навозандагони созҳои халқӣ барпо гардид, ки натиҷаи он аз пешрафту комёбиҳои мусиқии тоҷик шаҳодат медиҳад. Озмунҳои мусиқӣ дар омузиш ташвиқу тарғиб, болоравии сатҳи иҷрокунандагӣ ва такмили санъати мусиқӣ мавқеи муҳим [1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.185. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)