Jump to content

Озодҷон Хидиров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Озодҷон Ҳамидзода
Озодҷон Ҳамидович Хидиров
Таърихи таваллуд: 8 апрел 1976(1976-04-08) (48 сол)
Зодгоҳ: Самарқанд
Навъи фаъолият: нависанда,журналист

Озодҷон Ҳамидзода - сармуҳаррири рӯзномаи вилояти Самарқанд - «Овози Самарқанд».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Озодҷон Ҳамидович Хидиров 8 апрели соли 1976 дар деҳаи Гулбоғи ноҳияи Самарқанд дида ба дунё кушодааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 17 зодгоҳ шомили факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардид. Аз синни мактабӣ ба эҷодкорӣ шавқи беандоза дошт. Ин шавқ ба ӯ роҳбар шуда, соли 1994 ба кори идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» қабул гардид. Таи 20 сол ба вазифаҳои хатбар, мусаҳҳеҳ, ходими адабӣ, мудири шґъбаи маънавият, котиби масъул ва ҷонишини сармуҳаррир кор кард. Соли 2011 сармуҳаррири рӯзномаи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилоят - «Овози Самарқанд» таъйин шуд. Ӯ депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Самарқанд аст.[1]

  1. Озодҷон Ҳамидович Хидиров(пайванди дастнорас)

Рӯзномаи «Овози Самарқанд» Бойгонӣ шудааст 18 Декабри 2014  сол.