Оинномаи СММ
Оинномаи СММ - 26 июни соли 1945 дар шаҳри Сан-Франсиско аз ҷониби 51 кишвар ба имзо расидааст ва 24 октябри соли 1945 эътибор пайдо намудааст. Сохтори Оинномаи СММ аз пешгуфтор, 19 фасл ва 111 модда ва Статуcи Суди байналхалқии СММ иборат аст, ки он муқарраркунандаи вазъи ҳуқуқии СММ ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Оинномаи СММ Шартномаи байналмилалии бисёртарафа аст, ки асосҳои ҳуқуқии низоми универсалии амнияти дастаҷамъиро дар олами муосир ибтидо гузоштааст. Оинномаи СММ принсипҳои асосии фаъолияти СММ, тартиби қабул ва хориҷ кардан аз узвият, сохтор ва салоҳияти мақомоти марказӣ, ба таври осоишта ҳал кардани баҳси байналмилалӣ, амали СММ дар ҳолати мавҷуд будани таҳдиди сулҳ ва амнияти байналмилалиро инъикос кардааст.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 368-369