Jump to content

Олег Солюс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Олег Солюс
Таърихи таваллуд: 9 сентябр 1915(1915-09-09)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 15 сентябр 1976(1976-09-15) (61 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0813679

Оле́г Па́влович Со́люс (29 июли 1915, Маскав — 5 сентябри 1976, ҳамон ҷо) — ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1945), Ҳунарпешаи шоистаи ҶШСФР (1974).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1935 Студияи театрии Алексей Дикийро дар Маскав ба поин оварда, муддате дар Театри Хурди ҳамин шаҳр ҳунарнамоӣ кардааст. Солҳои 1937—1946 актёриТеатри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский буд. Аз соли 1947 то поёни умр дар Театри мазҳакаи ш. Маскав кор кардааст. Дар аввалин спектаклҳои Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский «Шӯҳрат», «Сарҳадчиён», «Камбағалӣ айб нест» симоҳои марказӣ офарида, давоми даҳ соли фаъолият зиёда аз бист намоишнома бо иштирокаш рӯи саҳна омадаанд. «Табадулот», «Гургон ва гусфандон», «Фронт», «Истило», «Одамони рус» аз зумраи онҳоанд. Дар ҷодаи коргардонӣ низ маҳорат нишон додааст. Сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Русия (1974) гардидааст.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.