Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ ё хунаристон (порсӣ:هنرستان) — муассисаҳои ҳунаромӯзиест, ки аз тамомкунандагони синфҳои 8-ум ва мактабҳои миёна мутахассисони касбҳои техникӣ тай­ёр мекунанд. Соли 1958 таъсис ёфтаанд.

Тамомкунандагони синфи 8 дар Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ маълумоти миёна мегиранд касбу ҳунар меомӯзанд ва баъд ба корхонаҳои саноатӣ рафта кор ме­кунанд. Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ шаҳрӣ (ГПТУ) ва қишлоқӣ (СПТУ) мешаванд. Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникии шаҳрӣ барои корхонаҳои саноатӣ сохтмон, наклиёт, алоқа, хидмати маишӣ, Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникии қишлоқ барои соҳаҳои хоҷагии қишлоқ кадр (механизатор, чорвопарвар, говҷӯш, занбӯри асалпарвар, сабзавоткор ва ғайра) тайёр мекунанд. Ба талабагоне, ки бо баҳои аъло хондаанд ва интизоми хуб доштанд, баъди хатми Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ дип­ломи аъло дода мешавад ва гирандаи ин диплом баробари онҳое, ки мактаби миёнаи маълумоти умумиро бо медали тило хатм намудаанд, имтиёз дорад.

Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ ба тамомкунандагон дараҷаи инхтисос (разряд, класс, катего­рия) медихад ва ин дараҷа барои кор дар тамоми корхона, муассиса ва ташкилотҳои ИҶШС ҳуҷҷат аст.

Дар СССР, аз ҷумла дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон шумораи Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ сол то сол меафзояд. Соли таҳсили 1982—83 дар рес­публика 68 омӯзишгох, аз ҷумла 34 Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникии шаҳрӣ, 24 Омӯзишгоҳҳои касбҳои техникии қшплоқӣ, 9 омӯзишгоҳи техникӣ ва ғайра вуҷуд дошта, дар онҳо 30260 нафар хонанда таҳсил мекард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]