Jump to content

Опалина

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Опалина
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Opalina Claus, 1874

Опалина (лот. Opalina) — як ҷинси ҳайвонҳои соддатарин, паразитест аз синфи қамчинакдорҳо.

Тавсифоти биологӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Танааш баргшакл (дарозиаш то 1 миллиметр) буда, бо қамчинакҳо пӯшида шудааст. Эктоплазма ва андоплазма бо даҳҳо, баъзан садҳо ядро аз ҳам чудо гаштааст. Сурохии даҳон надорад, бо тав­ри осмосӣ ғизо мегирад.

Бо роҳи ғайриҷинсӣ (ба ду тақсимшавӣ) ва ҷинсӣ (копулясия) афзоиш меёбад. Даҳҳо намуди опалина маълум аст. Опалинаҳо одатан дар рӯдаи обхокиҳо ва баъзан моҳиҳою хазандаҳо зиндагӣ мекунанд. Раванди ҷинсии Опалинаҳо баҳорон дар рӯдаи кафлесак мегузарад.

Систаи опалина аз рӯдаи ҳайвони ғизодеҳ (масалан, қурбоқа) ба қаъри обанбор афтода, ба сифати хӯрок ба рӯдаи кафлесаки навазтухмбаромада дохил мешавад. Дар рӯдаи кафлесак аз систа опалинаҳои ҷавон ба вуҷӯд меоянд, минбаъд онҳо тақсим шуда, ғаметаҳои якҳуҷайрагӣ ҳосил мекунанд. Гаметаҳо ҷуфт-ҷуфт омехташуда зигота ҳосил менамоянд, сипас аз зигота опалинаи бисёрхуҷайрагӣ пайдо мешавад.