Андомгон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Организм)

Андомгон (форсӣ: اندامگان‎), ҷондор, органи́зм (дерлот. organismus аз дерлот. organizo — «ташкил мекунам», «месозам», аз юн.-қад. ὄργανον — «асбоб») — ҳама гу­на мавҷудоти зиндаро гӯянд. Организмҳои як ва бисёрҳуҷайра дорои чунин хосиятҳои асосии ҳаётианд, ки онҳоро аз материяи ғайризинда фарқ ме­кунанд, яъне онҳо сохти ҳуҷайравӣ доранд; ба онҳо мубодилаи модда, сабзиш, инкишоф, афзоиш, тағйирпазирӣ, ирсият, мутобиқшавӣ ба шароити зиндагӣ ва ғайра хосанд.

Организмҳое низ мавҷуданд, ки ядрои ҳуҷайравии аслӣ ва унсури хромосомӣ надоранд. Ин гуна организмҳоро прокариотҳо меноманд. Бактерияҳо, обсабзҳои кабуду сабз, риккетсияҳо, микоплазмаҳо ва ғайра аз ҳамин қабиланд. Сохти ин организмҳо сода буда, андозаашон хеле хурд аст. Дар ҷараёни таъсири мутақобил ба муҳити зиндагӣ организм худро чун системаи том зоҳир менамояд. Ташаккули комили организм натиҷаи эволюсия буда, аз тақсимшавии қисмҳои структура (ҳуҷайра, бофта ва узвҳо), функсия ва интеграсияи онҳо иборат аст.

Дар организмҳои якҳуҷайравӣ функсияҳои ҳаётӣ тавассути органеллаҳои махсус ба амал бароварда мешавад. Дар давоми эволюсия афзоиши ху­ҷайра (яъне ба вуҷуд омадани Организми бисёрҳуҷайравӣ) ба мураккаб гардидани морфофизиологили организм мусоидат намуд. Дар омӯхтани масъалаҳои эволюсия, тақсимшавию интеграсияи узвҳо ва функсияи организм олимони рус А. И. Северсев, А. А. Заварзин, Н. Г. Хлопин, И. И. Мечников, Н. И. Шмалгаузен ва баъзе олимони хориҷӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Беклемишев В. Н. Методология систематики (раздел «Понятие индивидуальности и его относительность»). — М.: КМК SCIENTIFIC PRESS LTD., 1994.
  • Панов Е. Н. Бегство от одиночества: индивидуальное и коллективное в природе и в человеческом обществе. — М.: Лазурь, 2001. — 640 с. — ISBN 978-5-382-01270-4.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]