Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I - ордени давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I: сарварони давлатҳо, ҳукуматҳо ва парламентҳои давлатҳои хориҷӣ; вазирон, сафирон ва сардорони идораҳои давлатҳои хориҷӣ; сардорони намояндагиҳои ташкилотҳои минтақавӣ ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ: сарварони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон; шахсоне, ки мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатиро ишљол менамоянд ва вазъи ҳуқуқии онҳо бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад; шахсоне, ки мансабҳои олӣ, асосӣ ва пешбарандаи давлатии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишљол мекунанд ва чун қоида бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи II ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II мукофотонида шудаанд; дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи II ё ордени Исмоили Сомони дараҷаи II мукофотонида шудаанд, сарфароз мегарданд.[1]

Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I дорои нишон ва ситора мебошад. Нишон бо тасма аз болои китфи тарафи рост ва ситораи орден дар тарафи чапи сари сина овехта мешаванд;

Нигаред[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"