Исмоили Сомонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Исмоил ибни Аҳмад
форс. ابو ابراهیم اسماعیل بن احمد
Сурат
Навъи фаъолият:

амири Давлати Сомониён

Санаи таваллуд:

апрел 849

Зодгоҳ:

Фарғона

Санаи марг:

24 ноябр 907

Commons-logo.svg Исмоил ибни Аҳмад дар Викианбор
мақбараи Сомониён, ш. Бухоро
Ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар Душанбе
Ордени Исмоили Сомонӣ
қуллаи Исмоили Сомонӣ дар Помир

Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (форс. ابو ابراهیم اسماعیل بن احمد‎), (апрел 849, Фарғона — вафот 24 ноябр 907, Бухоро) - аз хонадони Сомониён, асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон - Давлати Сомониён. Исмоили Сомонӣ солҳои 874 – 892 - волии Бухоро ва солҳи 892 - 907- амири Мовароуннаҳру Хуросон ва давлати Сомониён буд.

Зиндагинома[вироиш]

Исмоили Сомонӣ, амири сулолаи Сомониён, солҳои 874 то 892 волии Насри I Сомонӣ дар Бухоро ва баъди вафоти бародараш Насри I, аз соли 892 амири мутлақи Давлати Сомониён гардид. Ҳанӯз дар аҳди Насри I Сомонӣ, Исмоил ибни Аҳмад саъю кӯшиш намуд, ки дар Бухоро ҳокими мутлақ гардад. Дар натиҷа байни ӯ ва Насри I зиддият ба амал омада, он бо задухурди ҳарбӣ анҷом ёфт. Ҳарчанд Наср сарвари хонадони Сомонӣ буд, вале рӯз аз рӯз обрӯву эътибори Исмоил боло мерафт. Дар ин миён Исмоил кӯшишҳои мустақилона амал карданро шурӯъ кард. Суханчинҳо ин зиддиятҳоро бештар карда, миёни ду бародар тарҳи душманӣ меафканданд. Сабаби сарзадани моҷаро сарпечии Исмоил аз пардохтани хироҷи Бухоро ба Наср – сарвари Хонадони Сомониён буд. Оқибат миёни бародарон Наср ва Исмоил соли 888 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, бо пирӯзии Исмоил ба анҷом расид, вале Исмоил ба бародари асирафтодааш чун пешвои хонадон муроҷиат карда, миёни мардум низ маҳбубияти бештаре касб кард.[1] Соли 892 Наср аз дунё рафт ва мувофиқи васияти ӯ Исмоил сарвари Хонадони Сомониён ва амири Давлати Сомониён (Мовароуннаҳр) гардид.

Хизматҳои таърихии Исмоили Сомонӣ[вироиш]

  • дузду ғоратгарони дохилиро дар давлаташ нест кард;
  • ба ҳуҷуми ғоратгаронаи қабилаҳои бодиянишини турк хотима гузошт;
  • соҳибистиқлолияти давлати тоҷиконро ба даст даровард;
  • тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросонро ба давлати ягона муттаҳид намуд.[2].

Посдорӣ[вироиш]

  • Дар Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 31 июли соли 2001 - Ордени Исмоили Сомонӣ иборат аз се дараҷа барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст;
  • Ба номи Исмоили Сомонӣ яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузошта шудааст;
  • Соли 1999 ба муносибати 1100 - солагии бузургдошти Давлати Сомониён, дар майдони Дӯстии ш. Душанбе маҷмааи меъморӣ ба муносибати Ваҳдати миллӣ ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бунёд гардидааст;
  • Қуллаи баландтарини кӯҳҳои Помир ба номи Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст;
  • Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қурғонтеппа, Муминобод ва диг. маҷмааи меъморӣ ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бунёд гардидааст;
  • Ба номи Исмоили Сомонӣ номи хиёбону кӯчаҳои шаҳраку ноҳияҳои Тоҷикистон гузошта шудаанд.

Нигаред[вироиш]

Ба инҷо ҳам нигаред[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – C. 101.
  2. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н.Б., Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. – Душанбе,2010, – C. 17.