Ордени Спитамен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ордени Спитамен дараҷаи I)
Jump to navigation Jump to search
Ордени Спитамен
Кишвар
Дараҷаи болотар Ордени Дустӣ
Дараҷаи поинтар Ордени «Шараф»
Service ribbon image

Ордени Спитамен — ордени давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дараҷаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ордени Спитамен ки ду дараҷа дорад:

  • Бо ордени Спитамен дараҷаи I ҳайати афсарони олии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати олии роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ барои комёбиҳо дар роҳбарӣ ва идораи кушунҳо, таъмини омодагии олии ҷангии онҳо, ташкили хидмати аълои ҳарбӣ, марзбонӣ ва дохилӣ, таъмини қобилияти мудофиавӣ, амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ сарфароз гардонида мешаванд.[1]

Ордени Спитамен дараҷаи I бо бандинаи тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад.

  • Бо ордени Спитамен дараҷаи II хизматчиёни ҳарбӣ, аз зумраи ҳайати афсарони калон ва хурд, ҳайати сержантӣ ва қаторӣ, ҳамчунин ҳайати роҳбарикунандаи миёна ва хурди макомоти корҳои дохилӣ ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбӣ ва хидмати, барои корнамоиҳо дар ҳолатҳои фавкулодда, дар мубориза бо ҷинояткорӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ордени Спитамен дараҷаи II бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]