Орд
Орд (форсӣ: آرد) — маҳсули ғаллаи дар осиё кашидашуда; кӯфта ва соидашудаи ғалла[1]. Як навъ маҳсулоти хӯрокӣ, ки аз дони зироати гуногун (асосан аз гандум, инчунин аз ҷав, ҷавдор, сулӣ, ҷуворӣ, марҷумак, арзан, нахӯд ва ғайра) мекашанд.
Навъҳои орд
[вироиш | вироиши манбаъ]Тоҷикон дар гузашта, ки орди гандум камёб буд, аз орди ҷав, ҷуворӣ, боқило, арзан, нахӯд ва дигар зироатҳо низ истифода мебурданд. Масалан, аз орди ҷуворӣ нони зағора мепухтанд. Ҳоло дар пухтупаз асосан орди гандум (навъҳои якум ва олӣ)-ро истифода мебаранд.
Орд дар таббохии тоҷикон
[вироиш | вироиши манбаъ]Орд дар таббохии тоҷикон дар гузашта ва имрӯз ҳам мавқеи хос дорад. Тоҷикон ордро барои тайёр кардани навъҳои гуногуни нон, таомҳо (оши угро, оши ӯмоч, оши туппа, туппаи дасткан, атола, ордбирён ё гардсӯз, барак, манту, хонума ва ғайра), маҳсулоти қаннодию хӯрокиҳои гуногун (чалпак, чагалдак, салла, чакчак, паҳлавак ва ғайра) аз замонҳои қадим истифода мебаранд.
Боварҳои мардумӣ нисбат ба орд
[вироиш | вироиши манбаъ]Нисбат ба орд дар байни мардуми тоҷик бовару эътиқодҳои гуногун мавҷуданд. Тоҷикон ордро рамзм сафедӣ, бахту саодат ва барору кушоиши кор медонанд. Масалан, ҳангоми ба хонаи бобои падарӣ овардани тифли навзод, ба хонаи домод овардани арӯс ба китфу пешонии онҳо орд мезаданд, ки рамзи бапою қадам будан ва хушбахт шудани онҳост. Ё ба китфи шахси ба сафари дур раванда ё аз сафари дур баргарданда ҳам орд мепошанд, ки сафараш бехатар шавад ва аз сафар сиҳҳату саломат ба хона баргардад. Дар тӯйи арӯсӣ маросимҳои ордбезон ва дастчарбонро (нигар дастчарбон) анҷом медиҳанд, ки баъди ин арӯс дар хонаи хусураш ҳуқуқи таомпазӣ пайдо мекунад. Дар гузашта ҳангоми ба хидмати аскарӣ ё сафари дур рафтани аъзои оила тоҷикон ба онҳо ҳатман нонеро мегазониданд ва то ба хона баргаштани онҳо он нонро нигоҳ медоштанд. Мардум бовар доштанд, ки нони насибакардаашон онҳоро ҳатман сиҳҳату саломат ба хонаашон бозмегардонад. Ҳамчунин ба зери болини тифли навзод кулча мемонданд ва бовар доштанд, ки нон қувваҳои бади зиёнкорро дур карда, тифли навзодро аз таъсири онҳо эмин нигоҳ медорад. Мардуми Бадахшони Тоҷикистон дар арафаи иди Наврӯз тоқиро чорқат карда, ба орд олуда, ба сутунҳои хона мезананд, ки рамзи покию тозагӣ ва хубу бобарор омадани соли нав мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ.1 А–О./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. – Москва 1969, - c.921