Орифии Ҳиравӣ
Зоҳир
Таърихи даргузашт: | 1449 |
---|
Мавлоно Маҳмуд Орифи Ҳиравӣ (форсӣ: مولانا محمود عارفی هروی; 1388, Ҳирот —1449, ҳамон ҷо) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз зиндагӣ ва таҳсили Орифи Xиравӣ маълумоте дастрас нест. Ӯ марди хуштабъ буда, бо номи Салмони Сонӣ маъруф будааст. Ин номро аз он ҷиҳат ба ӯ нисбат додаанд, ки ба мисли Салмони Соваҷӣ марди обиду порсо буда, табъу қудрати баланди шоирӣ ва чашмони дардманд доштааст.
Дар офаридани ғазал ва маснавӣ маҳорати баланд дошт. Аз Орифи Ҳиравӣ девони ғазалиёт боқӣ мондааст. Ба ҷуз ин бо номи «Гӯй ва Чавгон» ё «Ҳолнома» (таълифаш 1438—39) маснавие дорад, ки ба шакли мунозира навишта шудааст. Маснавӣ дорои 800 байт буда, дар он шоир ба воситаҳои тасвири бадеӣ ва образҳои муболиғавӣ диққати махсус додааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Орифи Ҳиравӣ // Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
- Мирзозода X., Таърихи адабиёти тоҷик, китоби 2, Душанбе, 1977.