Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Орифшо Орифов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Орифшо Орифов
Таърихи таваллуд 12 майи 1937(1937-05-12)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 19 майи 2002(2002-05-19) (65 сол)
Маҳалли даргузашт
Пеша(ҳо) овозхон

Орифшо Орифов (12 майи 1937, Хоруғ — 19 майи 2002, Душанбе) — овозхони тоҷик, роҳбари ансамбли «Гулшан» (1967—1985), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1981)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Консерваторияи дав­ла­тии Маскав (1961) ва Консерваторияи давлатии Озарбойҷонро (1965) хатм карда, муддате дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба сифати овозхони оркестр кор кардааст. Аз соли 1967 то 1985 роҳбари бадеии ансамбли эстрадии «Гулшан»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ буд. Муваффақияти эҷодии ин ансамбл ба номаш сахт бастагӣ дорад, тавонист беҳтарин овозхононро гирд оварда, барномаи ҷолиби консертиро тайёр кунад. Худ низ бо лаҳни дилкаш таронаҳои зиёд, аз қабили «Ман ёри туям», «Ёдат мебарам», «Бӯстони оламоро», «Модар», «Ошиқам», «Ширинзабонам» ва ғайраро иҷро кардааст. Ба русӣ, озарбойҷонӣ, арманӣ, украинӣ, арабӣ, туркӣ ва дигар забонҳо низ сурудҳо хондааст. Дар раъси ансамбли «Гулшан» қариб ба ҳамаи ҷумҳу­риҳои собиқ шӯравӣ, инчунин бисёр давлатҳои хориҷӣ — Афғонистон, Эрон, Олмон, Лаҳистон, Финландия, Фаронса ва ғайраҳо сафари ҳунарӣ анҷом додааст.

Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.