Jump to content

Оркестри камеравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Оркестри камеравӣоркестрест бо ҳайати начандон калон, ки мусиқии созии садаҳои XVII-XVIII, ҳамчунин композиторони ҳозиразамонро, ки махсус барои чунин ансамбл эҷод шудаанд, иҷро мекунад.

Оркестрҳои камеравии ҳозиразамон бо намунаи оркестрҳои садаи XVIII ташкил карда мешаванд, ки одатан дар ҳайати онҳо созҳои тории камончадор аз қабили скрипкаҳо, алтҳо, виолончелҳо, контрабас, як гурӯҳ созҳои нафасии чӯбин ва мисин аз қабили флейтаҳо, гобойҳо, валторнаҳо, ҳамчунин клавесин дохил карда мешаванд. Дар Оркестрҳои камеравӣ бар хилофи оркестри симфонӣ навозандагон нис-батан кам иштирок намуда, иҷрои ҳар як навозиш (партия) ба як навозанда супорида мешавад, яъне партияи ҳар як иштирокчӣ мустаъқил аст. Барои Оркестрҳои камеравӣ бисёр композиторони классик (А. Корелли, А. Вивалди, И. С. Бах, Г. Ф. Ҳендел, В. А. Мотсарт ва диг.) асар эҷод кардаанд. Ҳамчунин композиторони нимаи аввали садаи XX (Р. Штраус, Г. Малер, И. Ф. Стравинский), композиторони садаи XX (П. Хиндемит, Д. Д. Шостакович, А. Г. Шнитке ва ғайра) бо асарҳои худ машҳуранд. Композиторнони тоҷик низ барои Оркестрҳои камеравӣ асарҳои баландмазмун офаридаанд. Инҳо Ф. Баҳор, А. Одинаев, Т. Сатторов, Ю. Мамедов, А. Латифзода, А. Мусоев, Л. Толис, Р. Баротов ва диг.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.286-287 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)