Офтоби нимашаб
Зоҳир
Офтоби нимашаб, хуршеди нимашаб (англ. midnight sun) — як падидаи табиъӣ аст, ки дар моҳҳои тобистонӣ дар арзҳои ҷуғрофиёии шимолӣ дар маҳдудаи шимоли Мадори шимолгон ва ҳамчунин дар зимистон дар арзҳои ҷуғрофиёии ҷанубии Мадори ҷанубгон рух медиҳад.
Дар ин рухдоди табиъӣ, Офтоб дар мавзеъи маконии худ дар ҳангоми нимашаб возеҳу ошкор аст. Дар обуҳавои мусоид ва соф, бештари мавқеъҳо Офтоб ба муддати 24 соат ба шакли пайваста дар шимоли Мадори шимолгон ва ҷануби Мадори ҷанубгон, пайдову ҳувайдо аст. Сарзаминҳои наздиктар ба қутб бештар шоҳид ин падида ҳастанд ва бо наздиктар шудан ба қутб, ин падида дар рӯзҳои бештаре рух медиҳад.