Оқилхон Розии Хофӣ
Зоҳир
Таърихи таваллуд: | 1617 |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1696 |
Оқилхон Розии Хофӣ (форсӣ: عاقل خان رازی خوافی; 1617 — 1696) — шоир, сӯфӣ, тарҷумон, давлатмард ва таърихнигори форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Асли ӯ аз содоти Хофи Хуросон буд. Дар Бурҳонпур ба воя расид ва дар шумори шогирдон ва муридони Шайх Бурҳонуддин Рози Илоҳӣ ва Шайх Исо Ҷундуллоҳи Бурҳонпурӣ пайваст. Дар замони подшоҳии Аврангзеб ба унвони Оқилхон мулаққаб шуд ва ба мансабҳои гуногуни лашкарӣ ва кишварӣ, аз ҷумла ҳиҷобдории дарбори хосси шоҳ ва савбадори Деҳлӣ расид[1].
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Маснавии Меҳру Моҳ» / «Нағмоту-л-ишқ», ки тарҷумаи манзуме аз ҳиндӣ ба форсӣ аст.
- «Маснавии мураққаъ» ба пайравӣ аз маснавии Мавлоно.
- «Воқеоти Оламгирӣ» ба форсӣ дар таърихи зиндагии Аврангзеб (Лоҳур, 1357қ).
- Девони ғазалиёт
- «Самароту-л-ҳаёт»
- «Шамъу парвона»
- «Наҳру баҳри маънавӣ»
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ رازی خوافی، علی (اورنگ آباد ح ۱۰۲۶ـ۱۱۰۸ق) - ویکیجو | دانشنامه آزاد پارسی. wikijoo.ir. 19 июни 2024 санҷида шуд.