Оҳангсоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Композитор Аъзам Камолов

Оҳангсоз (форсӣ: آهنگساز‎), композитор (лот. compositor) — шахсест, ки осори мусиқиро таълиф менамояд. Оҳангсоз дар ҳақиқат нависандаи мусиқӣ аст, ки бо иҳотаи комил ба илми мусиқӣ идеяҳои фикрии худро дар қолаби мусиқӣ ба риштаи нигориш дирамеоварад.

Касби «Композитор» дар Италия то асри XVI паҳн гардидааст. Барои композитори комил шудан доштани истеъдоди мусиқӣ-эҷодӣ ва омӯзиши махсуси композитсия ҳатмист. Аксари вақтҳо композитор ҳамчун иҷрокунанда баромад мекунад. Дар мамолики мухталифи дунё иттифоқҳои композиторони эҷодкор вуҷуд доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1940 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ташкил шудааст.[1] Одатан таълиф намудани мусиқӣ аз рӯи қонунҳои муайяни назарияи мусиқӣ мутобиқ карда мешавад. Фарқ байни композитор ва сароянда дар он аст, ки композитор асари мусиқиро эҷоду таълиф менамояд, вале сарояндае, ё мутрибе бошад онро иҷро мекунад.[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.187. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)
  2. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.186. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)