Нерӯгоҳи барқи обии «Хоруғ»
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Дар харита |
Нерӯгоҳи барқи обии «Хоруғ» — дар шаҳри Хоруғ ҷойгир аст. НБО «Хоруғ» дар соли 1970 ба истифода дода шуда, 5-то дастгоҳи он ҳамагӣ 9000 кВт барқро истеҳсол мекунанд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]19 марти соли 1933 бюрои КМ ҲК(б) Тоҷикистон хоҳиши бюрои обкоми ВМКБ-ро дар бобати бунёди нерӯгоҳи барқӣ ба инобат гирифт. Ба Нарком (вазири) хоҷагии коммуналӣ супориш дод, ки қарори КМ КМ ҲК(б) Тоҷикистонро дар бобати бунеди неругоҳи барқӣ дар Помир иҷро намояд.
Дар натиҷаи кушишҳои Ҳукумати ВМКБ баҳори соли 1934 дар Бадахшон нерӯгоҳи дизелӣ ба кор даромад. Нерӯгоҳи дизелӣ имконият дод, ки муассисоти давлатӣ, беморхона нонвойхона ва алоҳида хонаҳои шаҳри Хоруғ чароғон гардад. Баробари ин пайдост, ки нерӯгоҳи дизелӣ хеч гоҳе имконият надорад, ки ба рушди саноатӣ ва муассисаҳои хидматрасонӣ мусоидат намояд. Ҳукумати вилоят 10 марти соли 1934 масъалаи бунеди нерӯгоҳи барқии Хоруғро мавриди муҳокима қарор дода, таъкид кард ки қудрати нерӯгоҳи барқӣ бояд аз 1000 кВт кам набошад. Ба ин хотир кумиссиюни давлатӣ таъсис дода шуд. Ҳукумати вилоят ба хотири ҳар чи тезтар сомон ёфтани кор фикру дархости кумиссиюнро ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард. Ҳукумати Тоҷикистон 24 августи соли 1934 фикру андешаҳои кумиссиюни Ҳукуматӣ бунеди нерӯгоҳи баркии Хоруғро бо кулӣ чузъиёташ тасдиқ кард. Яъне 1000 кВт арзиши бунёди нерӯгоҳи барқӣ 2296 сӯм буд.
26-уми октябри соли 1939 Ҳукумати вилоят масъалаи рафти кор дар нерӯгоҳи барқии Хоруғро муҳокима намуда, қайд кард, ки таввасути имдоди Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 1939 то ҳолати 25 октябр иҷрои нақшаи солона 104,8 дар сад иҷро гардид. Дар сохтмон ба ҷойи 3400 ҳазор дар нақша пешбинӣ шуда, 3522,4 ҳазор сум корҳо сомон дода шуд.
ҶСК Ширкати «Помир Энерҷӣ»
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди таъсисёбии ҶСК Ширкати «Помир Энерҷӣ» азнавсозии таҷҳизоти гидромеханикӣ ва системаи идоракунии он амалӣ гардид. Бо мақсади таъмини фаъолияти самарабахши НБО-и «Хоруғ» ду намуди ситема – системаи ПУМА – панели идоракунӣ бо дастгоҳҳои хурд, ва системаи САУ — тарзи идоракунии автоматикии гидроагрегатҳо ҷорӣ гардид.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи ҶСК "Помир Энерҷӣ" Бойгонӣ шудааст 25 сентябри 2015 сол.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |