Jump to content

Пажӯҳиши кайфӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Пажӯҳиши кайфӣ (англ. Qualitative research) — равиши пажӯҳишест, ки ҳадафаш ҷамъоварӣ ва таҳлили додаҳои ғайрирақамӣ (тавсифӣ) бо мақсади ба даст овардани фаҳмиши воқеияти иҷтимоии афрод, аз ҷумла дарки муносибат, эътиқод ва ангезаи онҳост.

Решашиносии вожа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вожаи Research дар луғат ба маънои пажӯҳиш, таҳқиқ, кандуков, таҷсис ва ковиш аст ва Qualitative ба маънои кайфӣ ва чунӣ аст. Ин ду вожа маҷмуан ба маънои таҳқиқ ва пажӯхиши кайфӣ аст. Таҳқиқи кайфӣ иборат аз маҷмуаи фаъолиятҳои (чун мушоҳида, мусоҳиба ва ширкати густарда дар фаъолиятҳои пажӯҳишӣ) аст, ки ҳар кадоми ба наҳви муҳақиқро дар касби иттилоот дасти аввал, дар бораи мавзӯъи мавриди таҳқиқ ёрӣ медиҳанд.