Jump to content

Палеоботаника

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Палеоботаника (аз юн. παλαιός — «қадим» + юн.-қад. βοτανικός), палеофитология — як соҳаи ботаникаро гӯянд, ки рустаниҳои ҳафриёти (мурдарафта)-ро меомӯзад.

Вазифаи палеоботантка масъалаҳои ҳаматарафаи тадқиқи набототи гузаштан геологӣ, классификатсияи онҳо, муқаррар намудани муносибатҳои хешии ин рустаниҳо байни худ ва бо рустаниҳои ҳозира, ошкор намудани паҳншавии онҳо дар рӯи Замин, инчунин қонуниятҳои иваз шудани набототи рӯи Заминро дарбар мегирад. Палеоботантка ва палеозоология якҷоя палеогнтологияро ташкил медиҳанд.

Қисмҳои палеоботаника

[вироиш | вироиши манбаъ]

Палеоботаникаи систематики, палеоботаникаи мор­фологӣ, палеоботаникаи флористӣ, палеоэколо­гия қисматҳои асосии палеоботаникаанд.

Палеоботаникаи систематикӣ систематикаи набототи гузаштаи геологиро, палеоботаника морфологӣ сохти онҳоро, палеоботаникаи флористӣ флораи ин ё он маҳалро дар давраи муайян ва зоҳир намудани ҷиҳатҳои муштарак ва ё фарқкунандаи онро аз флораи дигари ҳамсин, палеоэкология ша­роити зиндагии набототи гузаштаро меомӯзад. Маълумотҳое. ки ҳар яке аз ин қисматҳо ба даст меорад, дар раванди тадқиқот, қисматҳои дигар истифода мебаранд.

Илмҳои мустақили палеоботаника

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба илмҳои мустақил ҷудо кардани палеоботаника ба дараҷаи то давраи мо дар кадом ҳолат омада расидани набототи қадима ва ба кадом узви рустани (барг, мева, тухм, спора, гард, чӯб ва ғайра) мансуб будани онҳо вобаста аст. Илме, ки асосан нақши баргу поя ва дигар қисмҳои рустаниҳои ҳафриётиро меомӯзад, ихтиофитология (аз юн. ichinos — нақш, пай, боқимонда) ном дорад. Эпидермаро палеостоматография (аз юн. Мота — сӯрохӣ), меваю тухм ва ҷапинро палеодиасиорология, спораю гардро палеопалинология, чӯбро палеоксилология (аз юн. хуlоn — дарахт), занбуруғҳоро палеомикология ва гиёҳҳои баҳриро палеофикология (аз юн. phikos — гиёҳи баҳрӣ) меомӯзад.

Боқимондаи рустаниҳои ҳафриёти дар шакли пораҳои санггаштаи чӯб, нақши баргҳо, қаҳрабо ва ғайра аз қадимулайём маълуманд. Дар охири садаи XVII ва садаи XVIII диққати тамоми муҳақиққон ба муайян кар­дани рустаниҳои ҳафриётӣ бо роҳи бо рустаниҳои ҳозира муқоиса намудани онҳо ва тартиб додани таснифоти типҳои боқимондаи рустаниҳо нигаронида шуда буд. Дар ибтидои садаи XIX Э. Ф. Шлотхейм, К. М. Штерн­берг, А. Броньяр ва дигарон ба палеоботаникаии муосир ва таснифоти рустаниҳои ҳафриётӣ асос гузоштанд. Дар пешрафти палеоботаникаи ватанӣ Я. Г. Зембинский саҳми калон дорад. Ӯ дар асарҳои худ рустаниҳои ҳафриётии маълум ва усулҳои гуногуни палеоботаникаро баён намуд. Дар ривоҷу равнақи палеоботанткаи рус ва шӯравӣ бошад, тадқиқоти Э, И. Эйхвалд, К. Е. Мерклин, И. Ф. Шмалгаузен, М. Д. Залесский, А. Н. Криштофович ва дигарон роли калон бозиданд.

Тадқиқоти палеоботаникӣ дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тоҷикистон тадқиқоти палеоботаники солҳои 30 оғоз ёфт, ки он ба коркарди натиҷаҳои эксиедисияи комплексии омӯзиши сарватҳои табиии республика зич алоқаманд аст. Соли 1941 дар назди Филиали тоҷикистонии Институти ботаникаи АФ СССР шуъбаи палеоботаника кушода шуд. Авва­лин тадқиқоти палеоботаникҳои рес­публика ба омӯзиши рустаниҳои ме­зозой қадим ва мезозой, инчунин флораи ҳавзаи ангиштсанги Фоняғноби давраи Юра бахшида шуда буд. Дар ибтидои солҳои 40 А. Н. Криштофович флораи қабатҳои болоии давраи неогени Дарвозро баён намуд. Аз солҳои 50 флораи давраи неоген ва антропогени мавзеъҳои гуногуни республика мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд.

Палеолитии муосир дар баробари ҳал намудани масъалаҳои умумии назариявӣ ва амалии биологияю геология, инчунин таксонҳои алоҳидаи рустаниҳои ҳафриётиро меомӯзад ва таърихи олами набототи рӯи заминро тадқиқ менамояд. Асарҳои илмӣ оид ба палеоботаника дар ИҶШС дар «Ботанический журнал СССР» (аз 1916), «Палеонто­логический журнал» (аз 1959) ва дигар нашрияҳои даврӣ чоп мешаванд. Дар назди Ҷамъияти умумниттифоқии ботаникҳо ва Ҷамъияти умумииттифоқии палеоптологҳо сексияи палеоботаника вуҷуд дорад.

  • Криштофович А. Н., История палеоботаники в СССР. Л., 1956;
  • Овчинников П. Н., Лазарева М. С., Новые материалы по неогеновой флоре Памиро-Алан, «Пав. АН Таджик­ской СССР, отд. биол. наук», в. 2 (9), 1962;
  • Флора и растительность ущелья реки Варзобу Л., 1971.