Палинология
Зоҳир
Палинология (аз юн.-қад. παλινέ «гарди майда» + λόγος «дониш, илм») — илмест, ки гард ва спораи рустаниҳоро меомӯзад. Яке аз фаслҳои палинология палиноморфология аст, ки шаклу сохт ва инкишофи спораю донаҳои гард, пардаи онҳо (экзоспория ва периспория)-ро меомӯзад.
Вазифаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Вазифаи палинология аз инҳо иборат аст:
- дар систематикаи рустаниҳо истифода бурдани усулҳои тадқиқи муқоисавию палиноморфологӣ (палипотаксономия);
- омӯхтани пергаи (гарди гуле, ки занбури асал ҷамъ мекунад) таркиби асал (мелиттотсалинология);
- муайян намудани сабаби пайдоиши баъзе намудҳои аллергия (палинологияи тиббӣ);
- дар криминалистика истифода бурдани таҳлили споравию гардӣ (палинологияи судӣ);
- муайян кардани усулҳои истифодаи спораю гард дар рехтагарӣ;
- тадқиқи қонуниятҳои паҳншавӣ ва гӯршавии (фоссилизатсияи) гарду спорадо ва инчунин таҳлили гарду спораҳои ҷинсҳои таҳшинӣ, торфҳо ва ғайра ба мақсади ҳалли масъалаҳои палеоботаника, геоморфология ва стратиграфия.
Омӯзиш дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Тоҷикистон низ ба туфайли тараққиёти геология палинологияи ҷинсҳои таҳнишинии мезозой ва кайнозой хеле инкишоф ёфт. Палинологияи рустаниҳои муосирро Институти ботаникаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон меомӯзад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Нейштадт М. И., Палинология в СССР (1952—57), М., 1060;
- Пахомов М. М., Клопотовская Н. Б., Палинология кайнозоя Средней Азии и Кавказа (история и аннотированная библиография, 1931—1975, Д., 1970.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Международная федерация палинологических обществ Бойгонӣ шудааст 24 марти 2005 сол.(англ.)