Памфлет
Памфле́т (аз англ. pamphlet «брошюра, буклет») — асари публитсистии начандон калонест, ки мақсади асосиаш ҳаҷви конкрети гражданӣ, ғолибан, иҷтимоию сиёсист.
Пайдоиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Памфлет дар давраи Эҳё пайдо шудааст. Памфлетҳои М. Лютер, Эразми Роттердамӣ, Т. Мурнер мавқеи калон доштаад. Бо қувват гирифтани тамоюли сиёсии низоъҳои динӣ мазмуни иҷтимоии памфлет қавитар гардид. Масалан, силсилаи Памлетҳои Ҷ. Милтон, Ҷ. Лилберн, Ҷ. Уинстэнли дар давраи револютсияи садаи XVII Англия, баъдтар Памлетҳои Д. Дефо ва Ҷ. Свифт.
Асарҳои К. Маркс «Ҷаноби Фогт» ва В. И. Ленин «Револютсияи пролетарӣ ва муртад Каутский» намунаи классикии памфлети сиёсӣ мебошанд. Бисёр асарҳои А. Н. Радишев, А. И. Гертсен, В. Г. Белишений низ дар шакли Памфлет навишта шудаанд. Дар адабиёти советӣ И. Оренбург, Л. Леонов ва дигар анъанаи памфлетнависиро давом додаанд.
Памфлет дар адабиёти тоҷик
[вироиш | вироиши манбаъ]Памфлет дар адабиёти советии тоҷик зери таъсири адабиёти советии рус инкишоф ёфтааст. Намунаҳои беҳтарини онро дар эҷодиёти С. Айни мебинем. С. Айнӣ махсусан солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ як силсила памфлетҳо («Чингизи асри XX», «Деви ҳафтсар», 1941: «Хари бедум», 1943 ва ғайра) навишта, симои манфури ҷангҷӯёнро фош кард. А. Деҳотӣ, А. Ҷалил, А. Шукӯҳӣ ва дигарон низ дар мавзӯъҳои гуногун памфлет навиштаанд.
Китобшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ба забонҳои хориҷӣ
- Davies M., Icon líbellorum or a critical History of Pamphlets, L., 1715
- Oldys W., History of tne Origin of Pamphlets, в кн.: Morgan J., Phoenix Britannicus, L., 1732
- Blakey R., History of political Literature from the earliest Times, 2 vv., L., 1855
- Waugh A., The Pamphlet Library, 4 vv., L., 1897—1898
- Hunt R. N. C., Some Pamphlets of the Revolt of the Netherlands against Spain, «English historical Review», 1929, July
- Aiméras H., d’, Les pamphlets sous la régence de Marie de Medicis, «Revue politique et littéraire», 1930, I/III.
- ба забони русӣ
- Володарский В. М. «Игра в кегли» — анонимный памфлет эпохи Реформации // Феномены истории: К 70-летию Всеволода Львовича Керова: Сб. ст./ РУДН. — М., 1996. С.107-115.
- Майер И. Шамин С. «ЛЕГЕНДАРНОЕ ПОСЛАНИЕ ТУРЕЦКОГО СУЛТАНА НЕМЕЦКИМ ВЛАДЕТЕЛЯМ И ВСЕМ ХРИСТИАНАМ» (1663—1664 г.). К ВОПРОСУ О РАСПРОСТРАНЕНИИ ПЕРЕВОДОВ ЕВРОПЕЙСКИХ ПАМФЛЕТОВ ИЗ ПОСОЛЬСКОГО ПРИКАЗА В РУКОПИСНЫХ СБОРНИКАХ //Древняя Русь. Вопросы медиевистики. 2007. № 4 (30). С. 80-89.
- Шамин С. М. ПОЛЬСКИЙ ПОЛИТИЧЕСКИЙ ПАМФЛЕТ В РОССИИ XVII СТОЛЕТИЯ: ПАРОДИЙНАЯ ПЕРЕДЕЛКА МОЛИТВЫ «ОТЧЕ НАШ» ИЗ ДЕЛА С КУРАНТАМИ 1672 г. //Древняя Русь. Вопросы медиевистики. 2011. № 1(43). С. 107—111.
- Шамин С. М. Памфлет «Рассечение Европы» из дела с курантами 1672 г.//Древняя Русь. Вопросы медиевистики. 2011. № 3 (45). С. 134—135.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.