Jump to content

Паноҳгоҳи қаламравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Паноҳгоҳи қаламравӣ-дар қаламрави давлати муайян ба ин ё он шахс додани имконияти пинҳон шудан аз таъқибҳои вобаста ба ангезаҳои сиёсӣ ифода мегардад. Асосҳои додани паноҳгоҳро қонунгузории миллии кишвари пешкашнамуда муқаррар мекунад. Кишваре, ки паноҳгоҳи қаламравиро додааст, уҳдадориҳои зеринро ба зимма мегирад: а) насупоридани шахсе, ки паноҳгоҳи қаламравиро ба даст овардааст ба кишваре, ки дар он ҷо мавриди таъқиб қарор дорад; б) роҳ надодан ба зӯроварии шахсе, ки паноҳгоҳ ба даст овардааст, нисбат ба кишваре, ки онро тарк кардааст. Ассамблеяи Генералии СММ 14 декабри соли 1967 Декларатсия «Дар бораи паноҳгоҳи қаламравӣ»-ро қабул намуд, ки ои институти мазкурро танзим мекунад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Паноҳгоҳ

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 372