Парвиз Акрамзода
Намуди зоҳирӣ
Парвиз Акрамзода | |
|---|---|
| Акрамзода Парвиз Акрам | |
| Таърихи таваллуд: | 24 март 1980 (46 сол) |
| Зодгоҳ: | ноҳияи Шаҳринав , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Шаҳрвандӣ: |
|
| Таҳсилот: | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2003). Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия (2013). |
| Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
| Навъи фаъолият: | Раиси шаҳри Турсунзода, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология |
Парвиз Акрамзода — арбоби давлатӣ, Раиси шаҳри Турсунзода. Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII. Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология.[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Парвиз Акрамзода 24 марти соли 1980 дар ноҳияи Шаҳринав таваллуд шудааст. Миллат — тоҷик. Оиладор. Соли 2003 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2013 Академияи хоҷагии халқ ва хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро (ғоибона) хатм кардааст. Ихтисос — иқтисодиёти ҷаҳон, идоракунии давлатӣ (унвони илмӣ надорад).
- Солҳои 1999-2003 - Мутахассиси дараҷаи аввали Ширкати бисёрсоҳавии истеҳсолию тиҷоратии дорои масъулияти маҳдуди «Сомон – 90», шаҳри Душанбе.
- Солҳои 2003-2004 - Сармутахассис – муҳосиби Ширкати бисёрсоҳавии истеҳсолию тиҷоратии дорои масъулияти маҳдуди «Сомон – 90», шаҳри Душанбе.
- Солҳои 2004-2005 - Сармутахассиси корхонаи воҳиди давлатии «Ғалла» – и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
- Солҳои 2005-2014 - Директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон – Турон – Инвест», шаҳри Турсунзода.
- Солҳои 2014-2015 - Муовини раиси шаҳри Турсунзода.
- Солҳои 2015-2018 - Муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода.
- Солҳои 2018-2020 - Раиси ноҳияи Ховалинги Вилояти Хатлон.
- Соли 2020 (06-08) - И.в. раиси шаҳри Турсунзода.
- Аз августи соли 2020 то ҳоло - Раиси шаҳри Турсунзода.
- Аз 3 апрели соли 2025 - Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII.
- Аз 11 апрели соли 2025 - Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология.[2].
Мукофот
[вироиш | вироиши манбаъ]- медали «Хизмати шоиста» (2021)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Акрамзода Парвиз Акрам(тоҷ.). www.majmilli.tj. 13 июли 2025 санҷида шуд.
- ↑ Акрамзода Парвиз Акрам(тоҷ.). www.majmilli.tj. 13 июли 2025 санҷида шуд.