Jump to content

Порт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Парфия)
Порт
Фарҳанг Эрони Бузург
Иваз шуд ба Хуросон
Тасвири нақшаи мавқеият
 Парвандаҳо дар Викианбор

Порт ё Паҳлав (порсии бостон: 𐎱𐎼𐎰𐎺 Parθava; паҳлавӣ: 𐭐𐭓𐭕𐭅 Parθaw; порсии миёна: 𐭯𐭫𐭮𐭥𐭡𐭥 Pahlaw) — яке аз манотиқи таърихии Эрони бостон ва аз сотропнишинҳои ҳахоманишӣ буд. Дар сангнибиштаҳои ҳахоманишӣ аз иёлати Порт ба унвони яке аз сотропҳои ҳахоманишӣ ном бурда шудааст. Иёлати Порт аз шимол ба Доҳо ва аз машриқ ба Ҳарива (Ҳироти имрӯзӣ) дар ғарб Афғонистон ва аз ҷануб ба Коромонӣ (Коромониё — Кирмони имрӯзӣ дар ҷануби Эрон) ва аз мағриб ба иёлати Мод маҳдуд будааст.