Таърихи Эрон
Эрони Қадим
[вироиш | вироиши манбаъ]Тамаддунҳои нухустин
[вироиш | вироиши манбаъ]Бозёфтаҳои бостоншеносонро доир ба таърихи тамаддунҳои нухустин дар Эрон ба солҳои 7000-6000-ум пеш аз милод таалуқ доранд. Аз ин таммадунҳо, метавон тамаддуни Ҷӣрофт, тамаддуни Сиалк ва тамаддуни шаҳри сӯхтаро ном бурд. Ҳамчунин, 5000 сол пеш аз милод тамаддуни Элом дар ҷанубу ғарбии Эрон падидор шуд. Дар ҳазорсолаи II пеш аз милод, қабилаҳои ориёиҳо вориди сарзамини Эрон шуданд. Аз ҳазорсолаи II пеш аз милод, дар хоки Эрон қабилаҳои ориёӣ маскун буданд. Баъдтар ба инҷо баъзе аз қабилаҳои дигар низ омада сокин шуданд. Дар оянда аз онҳо халқҳои форсизабон ба вуҷуд омадаанд. Халқҳои ориёнажод, ориёиҳо ба чорводорӣ ва зироатпарварӣ машғул буданд. Қабилаҳои ориёӣ аз се табақа — коҳинҳо, ашроф ва аҳли соҳибихтиёри ҷомеа, чорводорону зироатпарварон ва косибон иборат буданд. Дар бораи ориёни Эрони Қадим дар китоби муқаддаси дини зардуштия «Авесто» маълумот дода шудааст. Роҳбарони қабилаҳои ориёӣ пешвоён ва подшоҳон буданд. Ҳокимияти онҳо хеле мустаҳкам буд. Қабилаҳо одатан аз байни худ раҳбаронро интихоб мекарданд. Мартабаи пешвои қабила ва шоҳ меросӣ ҳам буд. Пешвоён ва шоҳони қабилаҳо бо ҳамроҳии шӯрои қабила ҳамаи масъалаҳои қабиларо ҳаллу фасл мекарданд. Дар ҳазорсолаи II пеш аз милод бо мақсади ҳимоя аз ҳуҷумҳои сершумори қабилаҳои ҳамсоя қабилаҳои ориёии эронӣ иттифоқи қабилаҳоро ташкил намуданд. Дар баъзе минтақаҳои Эрон аз ин ҳам пештар иттифоқҳои қабилаҳои ориёӣ таъсис ёфта буданд, ки онҳо давлатҳои аввалини қадимтарини мардуми форсизабонро ташкил намуданд.
Шоҳаншоҳиҳои Эрон
[вироиш | вироиши манбаъ]Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба иттифоқи қабилаҳои эронӣ на ҳама вақт муяссар мешуд, ки худро аз ҳуҷумҳои душманон муҳофизат карда тавонанд. Барои ҳамин, ба онҳо лозим меомад, ки иттифоқҳои қабилаҳояшонро калонтару мустаҳкамтар кунанд. Қабилаҳои сершумори хурд омада, бо ихтиёри худ ба иттифоқи қабилаҳои пурзӯртар якҷоя шуда, онҳоро боз ҳам пурқувваттар мегардонанд. Сохти ин иттифоқи қабилаҳо ба сохти давлатӣ монанд мешуд. Дар миёнаҳои асри VI пеш аз милод дар Форс давлате бо номи Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ таъсис меёбад. Асосгузори ин давлат писари Камбуҷи I Куруши II-ро (Куруши Кабир (форсӣ: کورش کبیر) мешуморанд, ки ӯ солҳои 550—529 пеш аз милод ҳукумронӣ кардааст. Номи давлат аз номи сарсулолаи ин хонадон, ки Куруши Кабир Ҳахоманиш ном дошт , гирифта шудааст. Куруш худро «шоҳи Ашан» ва «шоҳи Порсу», яъне шоҳи Форс меномид. Барои васеъ кардани давлати худ Куруши II бар зидди шоҳи Модҳо — Астиаг, ки аз руйи маълумотҳои зиёд бобояш маҳсуб мегашт, ҷанг кард ва пойтахти он шаҳри Экбатан (Ҳамадон)-ро забт карда, тобеи давлати худ мегардонад. Ғалабаи Куруши II бар шоҳи Модҳо аз он сабаб осон гардид, ки халқи он бар зидди шоҳ Астиаг шӯриш бардошта буд. Мувофиқи ривояте шӯришгардон шоҳи худ — Астиагро дастгир карда, ба Куруш месупоранд. Вале Куруши II ӯро қатл накарда, баръакс, ба мартабаи баланд мушарраф мегардонад. Баъди забти Модҳо Куруши II ҷангҳои истилогаронаи худро давом дода,соли 547 п.а.м давлати Лидия, ки яке аз давлатҳои пурзури он вақт ба шумор мерафт тасарруф мекунад ва баъдан, ба Арманистон ва Каппадокия лашкар кашида, онҷойҳоро низ забт мекунад. Баъд аз ин Куруши Кабир нияти ҳуҷум ба Бобулро кард. Шоҳи Бобули нав дар давраи ҳукмронии Навуходоносори II ба давлати пуриқтидор табдил ёфта буд. Барои ҳамин забти он кори осон набуд. Мушкилии забти Бобул дар он буд, ки шоҳи Лидиён Крез ва шоҳи Миср — фиръавн Яхмост II бо ҳамроҳии Бобул бар зидди давлати Форс иттифоқ баста буданд. Барои ҳамин Куруш аввал ҳокимияти худро дар Осиёи Ғарбӣ ва махсусан дар Осиёи Хурд мустаҳкам карда, одамон ва дороии давлатҳои ишғолкардаро барои мустаҳкам намудани давлат ва қӯшуни худ истифода бурд. Курши II аввал давлати заифтари ин иттифоқ — Лидиёнро торумор ва ба давлати худ ҳамроҳ мекунад. Баъд тамоми қувваро бар зидди Бобул равон кард. Миср ба Лидиён ва Бобул ёрӣ нарасонд. Дар ин ҳолат Куруш бо мушкилии зиёд Бобулро ҳам ишғол кард. Куруш ба ин қаноат накарда мамлакатҳои зиёди дигарро ҳам забт карда, Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо — империияи бузурги Ҳахоманишиёнро ташкил намуд. Баъд аз кушта шудани Куруши II дар яке аз ҷангҳо ба тахти подшоҳии Ҳахоманишиён писари ӯ Камбиз менишинад. Дар давраи ҳукмронии ӯ дар мамлакат ошӯбҳои бисёре сар мезананд. Баъзе вилояту давлатҳои забткардашуда аз ҳайати давлати Ҳахоманишиён мебароянд. Ба Камбиз лозим омад, ки барои пахш кардани шӯришҳои сершумор вақти тулонӣ ва қувваи зиёд сарф кунад. ӯ ба мақсад ноил шуданаш қувва ҷамъ карда, соли 526 пеш аз милод ба Миср лашкар мекашад. Ҳангоме, ки лашкари Ҳахоманишиён ба Миср наздик мешуд, шоҳи Яхмоси II ногаҳон вафот мекунад. Ба тахти фиръавнии Миср Псамтики III менишинад, вале ба ӯ муяссар намешавад, ки Мисрро аз истилои форсҳо наҷот бидиҳад. Лашкари мисриҳо дар наздикии Полузия ва Мемфис аз форсҳо сахт шикаст мехӯрад. Камбуҷия сиёсати кишваркушоии падарашро идома дод. Дар бораи панҷ соли аввали ҳукмронии ӯ дар сарчашмаҳои хаттӣ ягон хел маълумот нест. Муаррихони Юнони қадим аз вақти ҳуҷуми ӯ ба Миср сар карда, дар бораи ӯ ахбор медиҳанд. Куруш баъди Бобулро ишғол кардан бояд ба Миср ҳуҷум мекард. Аммо тавре ки ишора кардем, ӯ бо сабабҳои номаълум ин корро ба таъхир андохт. Дар натиҷаи марги ногаҳонӣ ва фоҷиавии ӯ ин нақша иҷро нашуд. Камбуҷия низ барои ба Миср ҳамла овардан шитоб накард. Эҳтимол ӯ мехост хубтар тайёрӣ бинад ва дар фурсати муносиб ин корро анҷом диҳад. Соли 525-и то мелод Камбуҷия лашкари худро дар Фаластин ҷамъ карда, ба сӯйи Миср равон гардид. Ба ёрии ӯ киштиҳои ҳарбии финикиҳо ва юнониёни Осиёи Хурд омада буданд. Нахустин муҳориба бо лашкари мисриҳо дар назди шаҳри Пелусия ба вуқӯъ пайваст. Дар ин задухӯрди хунин форсҳо пурра ғалаба карданд. Боқимондаҳои лашкари Миср бетартибона қафо гаштанд. Баъди ин муҳориба форсҳо ба сӯйи пойтахти Миср — шаҳри Мемфис ҳаракат карда, ягон муқобилияти ҷиддӣ надиданд. Онҳо ба шаҳр расида, онро муҳосира намуданд. Мисриҳо муқобилияти зиёд нишон надода, ба зудӣ таслим шуданд. Фиръавн Псаметихи Ш асир гирифта шуд. Аммо Камбуҷия сиёсати падарашро давом дода, ӯро афв кард. Августи соли 525-и то мелод Камбуҷияро расман шоҳи Миср эълон карданд. Барои таваҷҷуҳи аҳолии маҳаллиро ба худ ҷалб кардан ӯ либосҳои мисрӣ пӯшид ва маросими батахтинишиниаш мувофиқи қоидаҳои мисрӣ гузаронда шуд. Барои қонунӣ гардонидани ҳукмрониаш ӯ худро вориси фиръавнҳо эълон карда,ба сулолаи 26 - Фиръавнҳо дар Миср асос мегузорад. Баъди Мемфисро ишғол кардани Камбуҷия қабилаҳои Либиё ихтиёран ба ӯ тобеъ шуданд. Баъдтар ӯ қисмати шимолии Куш (Эфиопия)-ро ишғол кард. Аз сарчашмаҳои хаттӣ бармеояд, ки ӯ бо баъзе амалҳояш рӯҳониёни Мисрро ба худ зид карда буд. Ба ӯ вайрону ғорат кардани якчанд ибодатхонаҳоро нисбат медиҳанд. Аммо ба ақидаи як қисми олимон, ин хабарҳо заминаи воқеӣ надоранд ва онҳоро рӯҳониён барои беобрӯ кардани Камбуҷия бофта баровардаанд. Дар ҳар сурат гумон кардан душвор аст, ки рӯҳониён ӯро бесабаб туҳмат карда бошанд. Шояд харобкунии ибодатхонаҳо, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, пурра набошад ҳам, қисман ҷой доштааст. Камбуҷия чор сол дар Миср монд.[1].
Дар ин миён дар пойтахти империя вазъият ноором шуда буд. Аз набудани подшоҳ истифода бурда, мубад Гаумата, ки Камбуҷия идораи корҳои давлатиро ба ӯ супорида буд ва ба бародари Камбуҷия Бардия хеле монанд буд, худро шоҳаншоҳ эълон кард. Ҳол он ки мувофиқи ахбори Ҳеродот, Камбуҷия бародараш Бардияро пеш аз ҳуҷумаш ба Миср пинҳонӣ кушта буд. Хабари табаддулоти Бардияи дурӯғин моҳи марти соли 522-и то мелод ба Миср расид. Баъди шунидани ин хабар Камбуҷия лашкарро ҷамъ карда, ба сӯйи Эрон равон гардид, аммо дар роҳ ногаҳон бемор шуда, вафот кард. Марги ӯ асроромез буд ва ривоятҳои зиёдро ба миён овард. Аз рӯйи яке аз онҳо, ӯро ҷосусони мубад Гаумата заҳр дода куштанд. Марги Камбуҷия муборизаҳои дохилисулолавӣ ва дарбориро тезутунд кард.[2];
Баъди вафоти Камбиз ба тахти подшоҳии Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ Дopиуши Бузург ё Дорои I соли 522 пеш аз милод менишинад. Дорои як маҷбур мешавад, ки чор сол бар зидди ошубгарону саркашон мубориза барад ва мамлакатро пурра ба даст гирад. Ӯ барои пуриқтидор шудани давлати Ҳахоманишииҳо ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ медиҳад. Ӯ барои мустаҳкам гардонидани давлат дар соҳаҳои маъмурӣ, молия ва ҳарбӣ як қатор ислоҳот мегузаронад. зимнан, барои вусъат бахшидан ба тиҷорати дохилию хориҷӣ роҳҳои зиёдро тармим месозад. Аз ҷумла, бо ташаббуси ӯ канали Суэтс аз нав барқарор карда мешавад. Баъди ин ҳама ободониҳо, Дорои I (522—486 п.м.) ба як чанд ҷо лашкар кашида, пурра сарзамини Осиёи Миёнаро ба зери тасарруфи Ҳахоманишиён медарорад. Дар замони Ӯ империяи Ҳахоманишиҳо дар се қитъа доман густурда буд.
Солҳои минбаъда сулолаи Ҳахоманишиён боз дусад сол ҳукмронӣ намуданд, вале зулму истидоди халқҳои тобеи форсҳо ва зиддиятҳои дохили дарборӣ ба заволи ҳукумат оварданд. Шоҳаншоҳии Ҳахоманиширо солҳои 334—327 то милод шоҳаншрҳи юнону мақдунӣ Искандари Мақдунӣ истило мекунад.[3]
Шаҳаншоҳии Ашкониён
[вироиш | вироиши манбаъ]Ашкониён (форсӣ: اشکانیان; 250 — 226 то милод) — лақаби салтанати севум аз мулуки Аҷам, силсилаи подшоҳони Эрони бостон, ки солҳои 250–226 то милод ҳукмронӣ кардаанд. Ибтидои таърихи сулолаи Ашкониён ба таназзули давлатдории Селевкиён робитаи мустақим дорад. Искандари Мақдунӣ пойтахти аслии Ҳахоманишиён – Тахти Ҷамшедро оташ зада ба қудратмандии ин сулолаву давлатдорӣ хотима дод. Селевкиён, ки бешубҳа, ҷонишинони билофасли юнониён дар Байнаннаҳрайн ва Эронзамин буданд, барои густариши бештари маданияти юнонӣ талош мекарданд. Фарҳанги эллинистӣ бар рӯҳу равони шарқиён комилан истило наёфт. Дар натиҷаи мухолифату муборизаҳо бо румиён ғурури миллии юнониён коҳиш ёфт ва шарқиён тавонмандӣ касб карданд. Пас аз Селевкиён Портиён дар шарқи Наздик тахминан ба муддати 500 сол қудратманд шуданд (аз нимаи дувуми садаи III-и то милод то ибтидои садаи III милод). Дар нимаҳои садаи III-и то милод вазъият дар сатрапияҳои Селевкиён муташанниҷ гардид. Ба ҳудуди шимоли шарқӣ зуд-зуд қабоили кӯчиён аз Осиёи Марказӣ ҳамлавар мешуданд. Дар баробари ин сатрапияҳо маҷбур буданд ба ҳукумати марказӣ барои мубориза бо Миср мадади моддию ҷонӣ расонанд. Муноқишаҳои байни юнониёну мақдуниён сатрапҳоро ба сӯи истиқлол завқ медоданд. Шикасти шоҳ Селевки II аз келтҳо наздики Анкир (соли 238 то милод) ба Ашк (Аршак) имкон дод, ки Андрагорро ронда, Портро соҳиб гарданд. Як сатрапияи Селевкиён ба дасти Эрониён гузашт. Дар ғарб соли 245 то милод ҷанги шадиди шаҳрвандӣ оғоз гардид. Сатрапияи Порт бо сарварии Андрагор шӯриданд, ба думболи хиёнати ӯ шӯриши Диодот – ҳокими Бохтар (шояд дар соли 239 рух дода бошад) сар зад. Ба эҳтимоли қавӣ, парнҳо ба вилояти Порт ва Бохтар баъди марги Искандари Мақдунӣ кӯч баста бошанд. Баъдан ин қабилаҳо муқимӣ шуда, зиндагии нимкӯчӣ ихтиёр намуданд ва забонашон бо забони мардуми маҳаллӣ махлут гардид. Дар лавҳачаи аз Нисо (шаҳри қадимии портҳо) пайдошуда ба асосгузори сулолаи Ашкониён будани Ашк (Аршак) ишора рафтааст, ки ин аз шахсияти таърихӣ будани ӯ шаҳодат медиҳад. Минбаъд портҳо дар тақлид ба Селевкиён солшумориро аз давраи ба тахт нишастани Аршак (соли 247 то милод) оғоз карданд. Солҳои аввали давлатдорӣ портҳо ба ҳамроҳ кардани қисматҳои Гургон (Ҳирканиё) банд буданд. Дар ин байн Аршак фавтид ва тибқи анъанаҳои классикӣ ба тахт бародараш Тиридот Ашки II нишаст, пойтахт шаҳри қадимии Дара дар кӯҳсори Апаортенон (димнаи ин шаҳр дар ҳаволии Абеварди ҳозира ҳафр шуда) интихоб шуд; вале баъди забти Ҳирканиё ва Комитен пойтахт ба шаҳри Селевкӣ – Ҳекатомпил кӯчид. Пас аз марги Тиридот (соли 211 то милод) писараш Артабони I соҳибтахт шуд. Дар ин давра ҳудуди портҳо аз Ҳамадон то Мод тавсеа ёфт. Пас аз фавти Артабони I (соли 191 то милод) писараш Приапат подшоҳ шуд, ки ду писар дошт: Меҳрдод (Митридот) ва Фарҳод (Фраат). Баъд аз сари Приапат давлатдорӣ ба писари калониаш Фарҳод расид. Дар натиҷаи кишваркушоиҳои Фарҳод ҳудуди кишвар хеле васеъ гардид.
Тибқи маълумоти Плиний, Порт дар ибтидои садаи I м. ба 18 кишвари ниммустақил тақсим шуд. Соли 105 м. Вологези II ба сари ҳокимият омад. Дар ин вақт аз шарқ Кушониён ва аз шарқ аланҳои кӯчӣ таҳдид мекарданд, вале хатари асосӣ аз Рум буд. Соли 109 Ороз соҳиби тахт гардид. Соли 148 Вологези III, ки сарлашкари варзида ва шахси адолатхоҳ буд, ба тахт нишаста, с. 161 барои тасхир намудани Сурияи Рум талош кард, вале ба натиҷае нарасид. Соли 197 писари Вологези III – Вологези IV кӯшид, ки Байнаннаҳрайни Шимолиро тобеъ созад, вале муваффақ нашуд. Парокандагии ҳокимони дохили мамлакат ва ҳамлаҳои пайдарҳами душманони берунӣ сулолаи Ашкониёнро сӯи таназзулёбӣ кашонданд. Пас аз фавти Вологези IV (с. 208) писари ӯ Вологези V ба тахт нишаст, вале андаке нагузашта с. 213 муқобили ӯ бародараш Артабони V бархест. Пас аз муқовимати шадиди тӯлонӣ ӯ Мод, Порт як қисми Байнаннаҳрайну Тайсафунро тасхир кард, вале дар баробараш Вологез ҳам Селевк, Бобул ва чанд шаҳри дигарро нигоҳ дошт. Соли 216 ба Байнаннаҳрайн сипоҳи Рум бо сипаҳсолории Каракалл ҳамла овард. Барои портҳо ин ҳуҷум ногаҳонӣ буд ва бадин сабаб Артабон танҳо баъди як сол сипоҳ ҷамъ карда муқобилашон баромад. Дар ноҳияи Нисибин ҷанги шадиде сурат гирифт, вале ҳеч кадом дастболо нашуд. Ин ҷанги охирин байни Рум ва Порт буд. Соли 224 Ардашери I аз авлоди Сосониён дар ҳамвории Урмуздакон Вологези V ва соли 228 Артабони V-ро шикаст дод. Артабон ба кӯҳҳои Эрон паноҳ бурд, вале оқибат дастгир ва дар Тайсафун ба қатл расонда шуд. Бо ҳамин ба сулолаи Ашкониён ва ҳукмронии чаҳорсадсолаи портиҳо хотима гузошта шуд. Ба сари қудрат сулолаи эронии Сосониён омаданд.
Шоҳаншоҳии Сосониён
[вироиш | вироиши манбаъ]Давлати Сосонӣ (порсии миёна: [Ērānšahr], Эроншаҳр; форсӣ: شاهنشاهی ساسانیان [šāhanšāhije sɒsɒnijɒn]) — давлати сулолаи форсизабон дар Эрон, ки баъд аз сулолаи Ашкониён (Шоҳони форсизабон), солҳои 224—651 ҳукумрон буд.
Номи сулола ба давлати Сосониён аз исми ниёии хонадони Сосон, ки мӯбади оташкадаи Анаҳито дар Истахр маҳсуб мешуд, бармеояд. Ба давлат набераи Сосон - Ардашери Бобакон, ки мансабдори шоҳаншоҳии Ашкониён дар ҳавзаи Форс буд, асос гузошт. Ӯ аз нуфузи рӯзафзуни рӯҳониёни зардуштӣ, муқовимати хонадонҳои ҳукуматгари маҳаллӣ истифода карда, ба муқобили шоҳи давлати Порт (Парфия) Артабони IV (216—224) ҷангҳои қудратталабона бурд ва аз соли 221 то 224 як қатор шаҳру вилоят ва маҳалҳои ҳавзаи Форс, Исфаҳон, Кирмон, Аҳвозро забт намуд. Дар муҳориба бар лашкари Артабони IV Ашконӣ зафар ёфта ба таъсисёбии давлати Сосониён поя гузошт.[4] Ардашери I Бобакон баъди чанде ҳокимияти худро қариб дар тамоми Форс паҳн карда, соли 226-и милодӣ ба тахти подшоҳии Сосониён нишаст. Ардашер худро шоҳаншоҳи Сосониён меномид. Ӯ барои васеъ ва мустаҳкам кардани мамлакат ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ додааст. Ба Ардашери Бобакон муяссар шуд, ки тамоми мулкҳои собиқ давлати Портро ба даст дарорад. Инчунин Мод, Озарбойҷон, Сиистон, Хуросон ва як қисми Арманистонро ишғол намуда, ба давлати худ ҳамроҳ кунад. Ба Ардашери I Бобакон ва вориси ӯ Шопури I лозим омад, ки бар зидди Империяи Рум мубориза баранд. Шопури I оқибат ба лашкари Рум ишқаст дода, ҳатто императори Империяи Рум — Валерианро асир гирифта буд.
Сарфи назар аз чидду ҷаҳди шоҳаншоҳон Ардашери Бобакон, Шопури I ва Баҳроми I давлати Сосониён он қадар пурзӯр набуд. Вале дар давраи ҳукмронии шоҳаншоҳ Шопури II — солҳои 309—379 он рӯ ба тараққӣ ниход. Ҳудудҳои давлати Сосониён ҳам дар самти ғарб ва ҳам дар самти шарқ васеътар шуданд. Дар давраи шоҳигарии Яздигурди I (солҳои 399—420) низ давлати Сосониёи дар рушду нумӯь буд. Дар мамлакат шаҳрҳо ободу зебо шуда, шаҳрҳои нав бунёд ёфтанд. Дар ин давра ба давлати Сосониён тохтутози лашкари Империяи Рум ва кӯчманчиён қать гардид. Вале дар дохили давлат оромию ваҳдати умумихалқӣ вуҷуд надошт. Дар музофотҳои гуногуни он ва алалхусус дар Қафқозу Осиёи Марказӣ бар зидди шоҳони сосонӣ шӯришҳо ба амал меомаданд.
Шоҳаншоҳ Хусрави I Анӯшервон дар Эрони замони Сосониён муддати дуру дароз — аз соли 531 то соли 579 ҳукмронӣ кардааст. Давраи ҳукмронии ӯ давлати Сосониён марҳалаи равнақи худро аз сар мегузаронд. Аз ҳамин сабаб обрӯи ин шоҳ дар байни халқи Эрон ниҳоят баланд шуд. Беҳуда нест, ки ӯро «Анӯшервон», яъне «абадзинда» меномаданд. Хусрави I Анӯшервон шоҳи оқилу доно буд. Ӯ дар мамлакат ислоҳот гузаронда, хуб дарк мекард, ки низоми андозситонӣ аз замин беадолатона аст. Барои ҳамин бояд андози замин кам карда шавад. Барои пешрафти соҳаи асосии хоҷагӣ — кишоварзӣ Хусрави I чораҳои самаранок меандешид. Дар мамлакат бо амри ӯ ҷӯйҳо, обанборҳо. дарғотҳо ва иншоотҳои дигари обёрӣ сохта шуданд. Бо ин роҳ майдонҳои кишти зироатҳои обӣ афзуданд. Хусрави I ба илму фарҳанг рағбати калон дошт. Ӯ ба арбобони ин соҳа ғамхорӣ зоҳир мекард. Ҳатто ба як файласуфи византиягӣ, ки ӯро Империяи Рум Юстиниани I аз мамлакат пеш карда буд, паноҳгоҳ дода, баҳри идомаи корҳои илмиаш шароити зарурӣ фароҳам овард.
Баъд аз вафоти Хусрави I Анӯшервон Шоҳаншоҳии Сосонӣ рӯ ба таназзул ниҳод. Ҳокимони вилоятҳои алоҳида мунтазам шӯриш мебардоштанд. Баъди танаффуси начандон зиёде дар байни Византия ва Шоҳаншоҳии Сосонӣ ҷангҳо аз нав оғоз ёфта, гоҳ ба фоидаи як тараф ва гоҳ ба фоидаи тарафи дигар анҷом меёфтанд. Ниҳоят, соли 623 императори Империяи Рум Ираклий ба ҳуҷуми қатъии зидди Сосониён гузашта, ба пойтахти Эрон шаҳри Тайсафун назднк шуд. Хавфи Тайсафунро ишғол кардани византиягиҳо ба миён омад. Аз бемуваффакиятии ҳукмронии Хусрави II ва шикасти ӯ аз Империяи Рум дар мамлакат норозигии мардум афзуд. Аз ин вазъ истифода бурда, ашрофони маъруф писари Хусрави II Қубоди II-ро шохи нав эълон карданд. Писар ба муқобили падар лашкар кашида, ӯро асир гирифта, ба қатл расонд. Баъди чанде Қубоди II ба лашкари Империяи Рум шикаст дод ва императори он аз шоҳи Сосониён сулҳ пурсид. Қубоди II бо Империяи Рум сулҳ баст, ки мувофиқи он ҳамаи заминҳои қаблан аз дастдодаи Сосониён баргардонида шуданд. Вале ин ғалаба пеши роҳи таназзули минбаъдаи шоҳаншоҳии Сосониёнро гирифта натавонист.
Аз ҳамлаи Арабҳо то оғози Сафавия
[вироиш | вироиши манбаъ]Давлати Саффавиёни Эрон
[вироиш | вироиши манбаъ]Чунин ном гирифтани сулолаи ҳукуматдории Сафавиён аз номи шайх Сафиаддин (1254-1334) пайдо шудааст. Ин шахс дар Озорбойҷон ба тоифаи мусулмоние роҳбарӣ мекард, ки он "Сафавӣ" ном дошт. Сафавиҳо пайравони мазҳаби исломии шиъа буданд. Ин мазҳаб дар Эрон ҳанӯз дар замони ҳукумронии Хилофати Араб васеъ паҳн шуда буд. Дар нимаи дуюми асри XV шайхҳои Ардабили сулолаи Сафавиён пурзӯр шуда, дар Озорбойҷон бар зидди хонҳои туркман барои ҳокимият ба мубориза бархостанд. Барои ин кор Сафавиёни заминдорони миёна ва хурди эрониро дар атрофи худ муттаҳид сохта, баъзе аз қабилаҳои бодиянишини туркман, тоҷирон, кишоварзон ва косибони аз ҳукумат норозӣ ҳам кумак хостанд. Қабилаҳои бодиянишини турк лашкари савораи Сафавиҳоро ташкил намуданд.
Аз Сафавия то поёни Қоҷор
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳукумати Паҳлавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эрон дар солҳои 40 ум
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Дар бораи ҳамлаи Камбуҷия ба Миср ниг: Дандамаев М. А. Политическая история Ахеменидской державы. — С. 55-63
- ↑ Дандамаев М. А. Политическая история Ахеменидской державы. — С. 55-63
- ↑ Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби 1. — Душанбе, 2008. — С. 76-82
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 15 Декабри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2013.