Jump to content

Пахтакорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Парвариши пахта

Пахтакорӣ — як намуди рустанипарварӣ аст, ки бо киштукори пахта машғул аст. Ватани пахта Ҳиндустон мебошад. Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии ҷумхурии Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, ИМА, Ҳиндустон ва Чин ба ҳисоб меравад ва дар иқтисодиёти мамалакатҳо мавқеи муҳим дорад.

Даромад аз фуруши маҳсулоти асосии пахта – нах, инчунин чигит, тибит ва ғайра мебошад. Аз пахта ба воситаи коркард беш аз 300 намуди маҳсулоти хочагии халқ истеҳсол мешавад.

Пахтакорӣ дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пахта зироати қадимтарини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Таърихи киштукори пахта аз замонҳои хеле қадим-давраи палеолит (15-30 ҳазор сол пеш) шурӯъ мешавад. Мувофиқи ҳафриёти археологи аз асрҳои I-IV мелоди дар Осиёи Миёна пахта кишт мекунанд. Тоҷикон ҳануз аз замонҳои қадим ба пахтакори машғул буданд. Асрҳои VII-X дар қисми шимолии Истаравшан пахта парвариш мекарданд. Соҳаи коркарди пахта – пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Даромад аз фуруши маҳсулоти асосии пахта – нах, инчунин чигит, тибит ва ғайра ба миқдори 20-25 фоизи даромади солонаи миллиро ташкил медиҳад. Бар ивази содироти нах, тибит ва тораки пахта ба ҷумҳурӣ маводи хурока, сузишворӣ, нуриҳои маъданӣ, захрхимикатҳо, техника ва қисмҳои эҳтиётии он, тиббӣ, мудофиа ва ғайра ворид мешаванд. Аз пахта ба воситаи коркард беш аз 300 намуди маҳсулоти хочагии халқ истеҳсол мешавад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Хлопководство // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.
  • журнал «Хлопководство» // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.