Jump to content

Плинийи Хурд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Плинийи Хурд, Гай Плиний Цецилий Секунд [Gaius Plinius Caeci-lius Secundus (Minor)] (61 ё 62, Ko-мум, ҳозира Комо — тақр. 114), нависанда, олим ва ходими давлатии Рим. Консули 100, легат (сафир ё вакил)-и император дар музофоти Вифиния ва Понт (111—113). П. аш-рофони сенати Римро, ки ба сулолаи Юлиён-Клавдиён ва Флавиён зид, вале дар аҳди Нерв ва Траян бо ҳукумати император созиш карда буданд, тарафдорӣ менамуд. Аз осо-ри П. маҷмӯаи мактубҳо (дар 10 ки-тоб) ва нутқи таҳсиномез баТраян («Панегирик») боқӣ мондаанд; мат-ни нутқҳои дар мурофиаҳои судӣ эродкарда ва асарҳои назмии ӯ но-буд шудаанд. Мактубҳо барои му-айян намудани таърихи афкори маънавию маишӣ, инчунин иқтисо-диёту сиёсати империяи Рум манбаи муҳим ба шумор мераванд. Портретҳои ҳамзамонони ТТ. низ дар онҳо тасвир шудаанд.