Паола Рей
исп. Paola Rey | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Paola Andrea Rey Arciniegas |
Таърихи таваллуд: | 19 декабр 1979 (44 сол) |
Зодгоҳ: | Сан Хил, Сантандер, Колумбия |
Шаҳрвандӣ: | Колумбия |
Касб: |
ҳунарпеша модел |
Корнома: | 1996-то ҳол |
IMDb: | ID 0721140 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Паола Андреа Рей Архиниегас (исп. Paola Andrea Rey Arciniegas; тав. 19 декабр 1979, Сан Хил, Сантандер, Колумбия) — ҳунарпеша ва модели колумбӣ, ки барои ҳунарнамоӣ дар сериолҳои Амрикои Лотинӣ муаррифӣ шудааст. Паола дар силсилафилми машҳури «Хашми пинҳон» (Pasión de Gavilanes) ва «Зан дар оина» (La mujer en el espejo) нақш бозидааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Паола Рей 19 декабри соли 1979 дар Сан Хил (Сантандер, Колумбия) дар оилаи Хосе Доминго Рей ва Сесилия Арчиниегас таваллуд шудааст. Ӯ як хоҳар Александра ва як бародар Хосе Алберто дорад. Дар кӯдакӣ ӯ хело боақл ва зирак буд, бинобар ин тасмим гирифт, ки муҳандиси саноатиро омӯзад. Бо вуҷуди ин, вай фаъолияти худро тарк кард, то худро ба ҳунар бахшад.
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Паола аз хурдӣ орзу дошт ҳунарпеша шавад. Вай бори аввал дар телевизион дар синни 16-солагӣ дар теленовелаи «Fuego Verde» баромад кард. Ба санҷиш омада, духтар гумон надошт, ки ӯро даъват мекунанд. Аммо дере нагузашта Паола фаҳмид, ки ба ӯ маҳорат намерасад ва ба курсҳои актёрӣ рафт. Афзоиши касбии ӯ аз ҷониби продюсерон бетаъсир намонд. Дар соли 2001, ӯро барои иҷрои нахустин нақши асосӣ дар силсилафилми «La Baby Sitter» даъват карданд. Аммо муваффақияти асосро Паола дар силсилафилми «Pasión de Gavilanes» - такрори силсилафилми «Обҳои ором» ба даст овар, ки дар ин теленовела шарикони ӯро Хуан Алфонсо Баптиста, Марио Симарро, Данна Гарсия, Наташа Клаусс ва Мишел Браун бозиданд. Онҳо якҷоя бо Данна Гарсия ва Наташа Клаусс нақшҳои хоҳарони Элисондоро иҷро карданд. Пас аз муваффақияти силсилафилм, Паола ба силсилафилми «La Mujer en el Espejo» даъватнома гирифт, ки дар он ҷо шарики ӯ боз Хуан Алфонсо Баптиста гашт. Дар соли 2008, Паола нақши "Лаура" -ро дар силсилафилми "Montecristo" бозид.
Паола дар мавсими дуввуми силсилафилми бисёрсериягии «Las muñecas de la mafia»-и ширкати Caracol Television нақши асосиро бозид.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Паола соли 2002 бо сарояндаи пуэрторикӣ Луис Фонсӣ муносибати румонтикии кӯтоҳе дошт. Айни замон вай бо ҳунарпеша Хуан Карлос Варгас, ки ҳангоми банаворгирии теленовелаи «Montecristo» вохӯрдааст, оиладор шудааст ва бо ӯ ду фарзанд доранд, Оливер, моҳи июли соли 2013 ва Лео моҳи майи соли 2018 таваллуд шудаанд.
Вай бо ҳунарпеша Хуан Алфонсо Баптиста дӯстӣ дорад.
Филмнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Телевизион
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Номгӯй | Нақш |
---|---|---|
2019 | Las muñecas de la mafia 2 | Бренда |
2015-2016 | Sala de urgencias | Каролина Ҳернандес |
2012-2013 | Pobres Rico | Мариела Сиачоке |
2009-2010 | Las detectivas y el Víctor | Мария Изабел "Чабела" Родригез Гутиеррес |
2007-2008 | Montecristo | Лаура Франко |
2006-2007 | Decisiones | |
Amores de mercado | Лусия Саватер Мартинес де Летра | |
2004-2005 | La mujer en el espejo | Ҷуллиана Соллер/ Маритса Феррер |
2003-2004 | Pasión de gavilanes | Химена Элизондо Асеведо де Рейес |
2000-2001 | La Baby Sister | Фабиана Эстрелла Ривера Читива |
1999-2000 | ¿Por qué diablos? | Жасмин 'Ҷас' Кордеро |
1998-1999 | Corazón prohibido | Паола Андреа |
1998 | Sín límites | Камила |
1996-1998 | Fuego verde | Грасиела |
Филм
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Номгӯй | Нақш |
---|---|---|
2019 | Sofía | София |
2017 | La Man Cave | Рао |
2014 | Espejos | Инга |
2002 | Como el gato y el ratón | Ҷованна Кристанчо |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 19 декабр
- Зодагони соли 1979
- Зодагони Сан Хил
- Ҳунарпешазанҳо аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешазанҳои синамои Испониё ва Амрикои Лотинӣ
- Ҳунарпешазанҳои синамои Колумбия
- Ҳунарпешазанҳои телевизиони Колумбия
- Ҳунарпешазанони асри ХХ
- Ҳунарпешазанони асри ХХI
- Муделҳои Колумбия