Мишел Браун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мишел Браун
испанӣ: Michel Brown
Michel Brown.png
Ном ба ҳангоми таваллуд:

Misael Browarnik Beiguel

Санаи таваллуд:

10 июн 1976(1976-06-10) (44 сол)

Зодгоҳ:

Буэнос Айрес, Аргентина

Шаҳрвандӣ:

 Аргентина

Касб:

ҳунарпеша
оҳангсоз
сароянда

Карера:

1993-то ҳол

IMDb:

ID 0112868

Мишел Браун (номи аслӣ — Мисаэл Броварник Бейгел; испанӣ: Misael Browarnik Beiguel); тав. 10 июн 1976, Буэнос Айрес, Аргентина) — ҳунарпеша, сароянда ва оҳангсози Аргентина. Ӯ баъд аз иҷрои нақши Франко Рейес дар силсилафилми машҳури «Хашми пинҳон» (Pasión de Gavilanes), яке аз беҳтарин ҳунарпешаи теленовелаҳои Амрикои Лотинӣ ва Испания шинохта шудааст.

Зиндагинома[вироиш]

Мишел Браун 10 июни 1976 дар Буэнос-Айрес дар оилаи ҳунарпеша Карлос Браун таваллуд шудааст. Аз кӯдакӣ ба ҳунару санъат наздикӣ дошт вале он қадар аҳамияти ҷиддӣ намедод. Дар синни 16 солагӣ ӯ бо дӯсташ ба кастинг рафта дар силсилафилми кӯдаконаи Chiquititas соҳиби нақш гардидааст. Баъди 4 сол Аргентинаро тарк намуда барои идомаи ҳунараш ба Мексика кӯч бастааст. То ҳол чанд маротибаи макони зисташро иваз намудааст ва худашро шахси ҷаҳон ном бурда бисёр саёҳат мекунад.

Эҷодиёт дар синамо[вироиш]

Соли 2002 Мишелро барои ба навор гирифтани теленовелаи истеҳсоли Колумбия “«Эҳсоси пинҳон» (испанӣ: Pasión de Gavilanes)” даъват карданд, ки ин бузургтарин муваффақияти ӯ буд. Шарикони ӯ Марио Симарро, Хуан Алфонсо Баптиста, Данна Гарсия, Паола Рей ва Наташа Клаусс буданд. Дар ин силсилафилм қаҳрамони ӯ Франко Рейс бояд барои муҳаббати Розарио Монтес мубориза мебарад аммо дар ниҳоят муҳаббати ҳақиқии худро бо Сарита Элисондо пайдо мекунад (Наташа Клаусс). Ҷуфтии онҳо бо Наташа муваффақияти бузург буд. Мишел ва Наташа барои нақшҳояшон дар ин силсила якчанд ҷоизаҳо гирифтаанд. Муваффақияти силсилафилм ба рӯи ҳунари ӯ роҳро боз намуд. Соли 2006, дар силсилафилми “Бозори мӯъҷизаҳо” (испанӣ: Amores de mercado) Мишел бо Паола Рей якҷоя нақш иҷро намудаанд, ки он ҳам дар “Pasión de Gavilanes” нақш бозидааст.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш]

Мишел 23 феврали соли 2013 бо ҳунарпешаи бразилӣ Маргарита Мунос оила барпо намудааст, ки ёздаҳ сол ҳамсараш хурдтар мебошад [1] .

Филмнома[вироиш]

Силсилафилмҳо[вироиш]

Сол Номгӯй Нақш
1993-1994 Jugate conmigo Animador
1995 Jugate con todo Худаш
1996-1997 Chiquititas Томас "Томмӣ" Линарес Пинтос
1998 Las chicas de enfrente Факундо Ариас
2000 DKDA, Sueños de juventud Давид
2001 Lo que es el amor Кристиан Осампо
2002 Subete a mi moto Рикордо
2003 Enamórate Мариано Санчез
2003-2004 Pasión de gavilanes Франко Рейез
2004-2005 Te voy a enseñar a querer Пабло Мендез
2005 El auténtico Rodrigo Leal Худаш
Aquí no hay quien viva Худаш
2006 Amores de mercado Диего "Раё" Валдез
2006-2007 Decisiones Мишел "қисми: Profeta en tierras lejanas"
Себастян "қисми: La mil amigos"
2007-2008 Madre Luna Ангел
2008 Física o química Мигуел Белаза
2008-2009 El fantasma del Gran Hotel Мигуел Торо
2010 Mentes en shock Диего Терра
2011 Correo de inocentes Ҷерардо Мора
2012 La Mariposa Мануел Мартинез
A corazón abierto Томас Баллестерос
2012-2013 Los Rey Матиас Рей Сан Висенте
2013 Mentiras perfectas Сантяго
2014-2015 Amor sin reserva Диего Оливатера Мендоза
2016-2018 Sr. Avila Даниэл Молина
2016-2017 La querida del Centauro Ҷерардо Дуартэ
2018 Falco Детектив Алехандро Фалко
2018-2019 Amar a muerte Макарио "Чинӣ" Валдес/Леон Карвахал
2019 Hernán Педро де Алварадо

Филм[вироиш]

Сол Номгӯй Нақш
2006 Vecinos invasores RJ
2008 Hora cero Валентин
2009 Pagafantas Себастян
Condones.com Тоно
2011 Contra tiempo Диего Вега Мартин
2014 Cásese quien pueda Эрик
2016 Rumbos paralelos Армандо
Malcriados Алехандро "Алекс" Балмаседа

Театр[вироиш]

Сол Номгӯй Нақш
1994 Jugate conmigo Худаш
1996-1997 Chiquititas Томас "Томмӣ" Линарес Пинтос
2019 Perfectos desconocidos Эрнан

Дискография[вироиш]

  • 1997: Michel

Видео музикҳо[вироиш]

  • Quédate conmigo: дар мавзӯи Cásese quien pueda (Оиладор шудан бо кадоме, ки набошад), Исо Наварро
  • Querido amor: Мишел Браун
  • Toda: Мишел Браун
  • Sobre fuego: Мишел Браун ва Данна Гарсия
  • Mariposa mía: Мишел Браун
  • Out Of Control: Chemical Brothers (Бародарони кимиёвӣ)

Ҷоизаҳо[вироиш]

Сол Маросим Категория Теленовела Натиҷа
2019 TVyNovelas Awards Беҳтарин ҳунарпеша Amar a muerte Ғолиб
2019 Eres Awards Номзад[1]
Беҳтарин бӯса Amar a muerte

Анҷелик Бойер ва Мишел Браун

Номзад[1]
2016 Your World Awards Ҳунарпешаи дӯстдошта дар нақши марказӣ La querida del Centauro Номзад[2]
Ҷуфти беҳтарин La querida del Centauro

Лудвика Палета ва Мишел Браун

2017 Your World Awards Ҳунарпешаи дӯстдошта дар нақши марказӣ La querida del Centauro Номзад[3]
2014 Premios Tvynovelas (Колумбия) Ҳунарпешаи дӯстдошта дар нақши марказӣ Mentiras perfectas Номзад
2012 TV Adicto Golden Awards Беҳтарин нақши мардона Los Rey Номзад

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 ¡Lista completa de ganadores en Premios ERES 2019! • Eres(исп.). Eres (Шаблон:TranslateDate/es).
  2. Oyola, Michelle Premios Tu Mundo 2016: Lista de Nominados y Ganadores (es-ES). Ahoramismo.com (25 августи 2016).
  3. Agosto 2017, Por: Redacción | 24 de Lista de todos los ganadores de Premios Tu Mundo 2017(исп.). La Opinión.