Порсо Тӯйсирконӣ
форсӣ: عبدالرحمان پارسا تویسرکانی | |
Таърихи таваллуд: | 1909 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 22 март 1990 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | омӯзгор, нависанда |
Забони осор: | форсӣ |
Абдурраҳмон Порсо Тӯйсирконӣ (форсӣ: عبدالرحمان پارسا تویسرکانی; 1909, Туйсиркон, Устони Ҳамадон — 22 март 1990, Теҳрон) — шоир ва нависандаи муосири Эрон[1]. Шуҳрати вай бештар ба ғазалиёти ӯст. Аз ҷумлаи корҳои ӯ ба назм даровардани масалҳову ҳикоятҳои ақвоми мухталифи дунё ва чопи онҳо дар маҷаллаи «Гавҳар» байни солҳои 1352 то 1357 буд[2].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Порсо улуми ибтидоӣ ва мутавасситаро дар шаҳрҳои Тӯйсиркон, Мозандарон ва Теҳрон ба поён расонд ва аз дорулмуаллимини марказӣ фориғуттаҳсил шуд. Пас аз поёни таҳсилот, дар дабиристонҳои Теҳрон ва мадрасаи олии сипаҳсолор ба муаллимӣ пардохт. Ӯ ҳамчунин дар давлати азҳорӣ мушовири матбуотии нахуствазир буд; Аммо умдаи фаъолият вай дар матбуот ва сардабирии маҷаллаҳо ва рӯзномаҳое чун «Маориф» ва «Кирмоншоҳ» низ хулоса мешуд.
Шоирӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ аз ҷавонӣ ба сурудани шеър пардохт. Шумори абёти ӯро беш аз панҷҳазор донистаанд. Қолабҳои мавриди алоқаи ӯ низ ғазал, қитъа, маснавӣ ва рубоӣ буд. Ҳарчанд девони ашъори ӯ ҳанӯз ба чоп нарасидааст, аммо бештари шеърҳои ӯ дар маҷаллаҳои «Армуғон», «Ваҳид», «Гавҳар» ва маҷаллаҳои кишварҳои Афғонистону Покистон мунташир шуд. Бархе аз ашъори ӯро ба забони русӣ ва ба забони инглисӣ тарҷума кардаанд[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ عبدالرحمان پارسا تویسرکانی(форсӣ). Aftabir.com. 7 Декабри 2022 санҷида шуд.
- ↑ احمدیزدانیگفت:. زندگی نامه پارسا تویسرکانی(форсӣ). مردان پارس (1 Январ 1970). 7 Декабри 2022 санҷида шуд.
- ↑ مقالهٔ شاعران گزیدهٔ معاصر: پارسا تویسرکانی، مرتضی کامران، نشریهٔ گوهر، شمارهٔ ۱۵.